Ҳаққи хизмати баровардани партов дар Душанбе зиёд шуд

Бо пешниҳоди  раисони 4 ноҳияи шаҳри Душанбе тарифҳои ҳаққи хизматрасонии баровардани партови маишӣ дар пойтахт ба андозаи 20% боло бурда шуданд. Мутахассисони Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумат пешниҳоди роҳбарони хадамоти коммуналиро баррасӣ ва бар асоси қарори қабулшуда тарифҳои навшударо ба ин хизматрасонӣ тасдиқ карданд, хабар доданд аз шаҳрдории Душанбе. Ҳисобу китоб бо тарифҳои нав аз 1 […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Бо пешниҳоди  раисони 4 ноҳияи шаҳри Душанбе тарифҳои ҳаққи хизматрасонии баровардани партови маишӣ дар пойтахт ба андозаи 20% боло бурда шуданд.

Мутахассисони Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумат пешниҳоди роҳбарони хадамоти коммуналиро баррасӣ ва бар асоси қарори қабулшуда тарифҳои навшударо ба ин хизматрасонӣ тасдиқ карданд, хабар доданд аз шаҳрдории Душанбе.

Ҳисобу китоб бо тарифҳои нав аз 1 марти соли 2021 оғоз мегардад.

Бо саволҳои пайдошуда доир ба нархномаи амалкунандаи хизматрасониҳо метавон ба мақомоти иҷроияи ҳокимиятҳои ноҳияҳои шаҳр ва шуъбаҳои хоҷагии коммуналӣ дар маҳалли зист муроҷиат намуд.

Тарифҳои нави ҳаққи хизматрасонии баровардани партов дар ноҳияҳо гуногун муқаррар шудааст: ҳамааш аз масофа ба партовгоҳи асосии воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ вобаста аст ва табиист, ки ин ҷо хароҷоти нақлиёт ба инобат гирифта мешавад.

Қобили зикр аст, ки тарифи муқарраршуда барои 1 нафари бо суроғаи мушаххас иқоматдошта пешбинӣ шудааст. Маблағ на аз рӯйи қайд, балки барои ҳар як нафари бо ин суроға иқоматдошта ситонида мешавад, барои ҳама бидуни истисно бо шумули кӯдакони хурдсол.

Инак, пардохти ҳаққи баровардани партов дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе тариқи зайл муқаррар шудааст:

Барои сокинони ноҳияи Сино

– барои хонаҳои ободи муҷаҳҳаз бо қубури ахлотпарто – 3,80 сомонӣ (нархи пештара – 3,20 сомонӣ);

– барои хонаҳои ободи бе қубури ахлотпарто – 3,10 сомонӣ (нархи пештара – 2,60 сомонӣ);

– барои хонаҳои нообод (баракҳо) – 4,30 сомонӣ (нархи пештара – 3,60 сомонӣ);

– барои ҳавлиҳо (бахши хусусӣ) – 4,40 сомонӣ (нархи пештара – 3,70 сомонӣ).

Барои сокинони ноҳияи Фирдавсӣ

– барои хонаҳои ободи муҷаҳҳаз бо қубури ахлотпарто – 3,70 сомонӣ (нархи пештара – 3,10 сомонӣ);

– барои хонаҳои ободи бе қубури ахлотпарто – 3,00 сомонӣ (нархи пештара – 2,50 сомонӣ);

– барои хонаҳои нообод (баракҳо) – 4,10 сомонӣ (нархи пештара – 3,40 сомонӣ);

– барои ҳавлиҳо (бахши хусусӣ) – 4,30 сомонӣ (нархи пештара – 3,60 сомонӣ).

Барои сокинони ноҳияи Шоҳмансур

– барои хонаҳои ободи муҷаҳҳаз бо қубури ахлотпарто – 3,50 сомонӣ (нархи пештара – 2,90 сомонӣ);

– барои хонаҳои ободи бе қубури ахлотпарто – 2,90 сомонӣ (нархи пештара – 2,40 сомонӣ);

– барои хонаҳои нообод (баракҳо) – 4,00 сомонӣ (нархи пештара – 3,30 сомонӣ);

– барои ҳавлиҳо (бахши хусусӣ) – 4,20 сомонӣ (нархи пештара – 3,50 сомонӣ).

Барои сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ

– барои хонаҳои ободи муҷаҳҳаз бо қубури ахлотпарто – 3,50 сомонӣ (нархи пештара – 2,90 сомонӣ);

– барои хонаҳои ободи бе қубури ахлотпарто – 2,90 сомонӣ (нархи пештара – 2,40 сомонӣ);

– барои хонаҳои нообод (баракҳо) – 4,00 сомонӣ (нархи пештара – 3,30 сомонӣ);

– барои ҳавлиҳо (бахши хусусӣ) – 4,20 сомонӣ (нархи пештара – 3,60 сомонӣ).

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.