Барандагони Ҷоизаи Лоҳутӣ, сармуҳаррири сол ва журналисти сол маълум шуданд

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи матбуот ҷашн гирифта мешавад. Барандагони Ҷоизаи Лоҳутӣ ва сармуҳаррири сол, журналисти сол, маҷаллаи сол, радиои сол, телевизиони сол, нашрияи сол эълон шуданд. Иттифоқи журналистони Тоҷикистон рӯзи 11-уми март дар маросими бахшида ба муносибати Рӯзи матбуот, барандагони ҷоизаи Лоҳутиро эълон кард. Ҳамин тариқ дар бахши матбуоти даврӣ Ноилшоҳ Нуралиев – сармуҳаррири рӯзномаи […]

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи матбуот ҷашн гирифта мешавад.

Барандагони Ҷоизаи Лоҳутӣ ва сармуҳаррири сол, журналисти сол, маҷаллаи сол, радиои сол, телевизиони сол, нашрияи сол эълон шуданд.

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон рӯзи 11-уми март дар маросими бахшида ба муносибати Рӯзи матбуот, барандагони ҷоизаи Лоҳутиро эълон кард.

Ҳамин тариқ дар бахши матбуоти даврӣ Ноилшоҳ Нуралиев – сармуҳаррири рӯзномаи “Омӯзгор”, Ҳақназар Каримзода – рӯзноманигори "Мароми пойтахт" ва Абдулвоҳид Оев – публитсист, дар бахши радио Худоёри Валӣ – рӯзноманигори радиои Имрӯз, дар бахши телевизион Муҳаммадраҷаб Ҳанафия – журналисти телевизиони Тоҷикистон сазовори ин ҷоиза шуданд. 

Ҷоизаи ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ соли 1968 таъсис ёфтааст ва ҳар сол барои беҳтарин дастоварди рӯзноманигорӣ дар Рӯзи матбуот тақдим мегардад.

Инчунин дар ин ҷорабинӣ “Сармуҳаррири сол” сармуҳаррири рӯзномаи "Садои мардум" – Самариддин Асоев  ва “Журналисти сол” Фатҳиддини Замон аз телевизиони «Тоҷикистон»  эълон шуданд.

“Маҷаллаи сол” – «Бонувони Тоҷикистон», “Радиои сол” –  радиои «Тоҷикистон», “Телевизиони сол” – телевизиони "Варзиш", “Нашрияи сол” – “Адабиёт ва санъат”, нашрияи соҳавии сол – «Инсон ва табиат» дониста шуданд.

Ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ ба донишҷўёни факултаҳои журналистӣ – Шоҳчаҳон Қурбонов, Мубораки Қосим, Шаҳзод Қаюмов супорида шуд.

Замони  Иттиҳоди Шӯравӣ Рӯзи матбуот 5 май – санаи нашри шумораи аввали газетаи “Правда” (нашрияи расмии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ) ҷашн гирифта мешуд. Шуруъ аз соли 1994 Рӯзи матбуоти тоҷик 11 март – санаи нашри аввалин шумораи нахустин газетаи тоҷикӣ “Бухорои шариф”, таҷлил карда мешавад. Имсол 109-солагии матбуоти тоҷик таҷлил мегардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.