Эълони ғолибони озмуни “Неруи сухан” дар Хатлон

Дар остонаи ҷашни Рӯзи матбуот ғолибони озмуни ҳамасолаи “Неруи сухан” байни рӯзноманигорон дар вилояти Хатлон эълон шуданд. Дар номинатсияи “Беҳтарин барномаи радиоӣ, маводи чандрасонаӣ ва интернетӣ” Сайраҳмон Назриев, хабарнигори АИ «Азия Плюс» ва Зокир Ҳасан, хабарнигори газетаи “Ҷумҳурият” ғолиб дониста шуданд. Дар ҳамин номинатсия ҷойҳои дуюму сеюмро рӯзноманигори “Радиои Хатлон” Ҷумъахон Бобохонов ва рӯзноманигори мустақил […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Дар остонаи ҷашни Рӯзи матбуот ғолибони озмуни ҳамасолаи “Неруи сухан” байни рӯзноманигорон дар вилояти Хатлон эълон шуданд.

Дар номинатсияи “Беҳтарин барномаи радиоӣ, маводи чандрасонаӣ ва интернетӣ” Сайраҳмон Назриев, хабарнигори АИ «Азия Плюс» ва Зокир Ҳасан, хабарнигори газетаи “Ҷумҳурият” ғолиб дониста шуданд.

Дар ҳамин номинатсия ҷойҳои дуюму сеюмро рӯзноманигори “Радиои Хатлон” Ҷумъахон Бобохонов ва рӯзноманигори мустақил Низомиддин Комилов ишғол карданд.

Дар номинатсияи “Беҳтарин мақолаи таҳлилӣ” Манучеҳр Ҳасанов – хабарнигори нашрияи «Ҳамрози Халқ», Шариф Абдулҳамид – рӯзноманигори нашрияи “Омӯзгор” дар минтақаи Кӯлоб, Махфират Шоимова – котиби масъули маҷаллаи «Сафо» пирӯзӣ ба даст оварданд.

Низомиддин Исоев – хабарнигори ТВ «Сафина» дар вилоят, Ҷумъагул Мирзоева – рӯзноманигори ТВ «Хатлон», Худойдод Раҷабов – хабарнигори ТВ «Тоҷикистон» дар вилоят ғолибони номинатсияи “Беҳтарин барномаи телевизионӣ” эътироф шуданд.

Дар номинатсияи “Беҳтарин рӯзномаи шаҳрӣ (ноҳиявӣ)” ҷоизаҳо ба нашрияҳои «Нури Норак», «Набзи Бохтар» ва «Субҳи меҳнат»-и Муъминобод ва дар номинатсияи “Беҳтарин маҷалла ва нашрияи соҳавӣ” ба нашрияи Коллеҷи омӯзгории ДДК — «Маърифат», маҷаллаи Раёсати маорифи вилоят — «Мактаб», маҷаллаи Раёсати тандурустии вилоят — “Ганчи Сино” тақдим шуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон, ба ғолибон дипломҳои дараҷаҳои 1, 2, 3 ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1500, 1000 ва 500 сомонӣ супурда шуд.

Гуфта мешавад, аз ҷониби раиси вилоят пешниҳод гардид, ки дар оянда дар доираи озмуни вилоятии эҷодии “Неруи сухан” номинатсияҳои нав “Беҳтарин наворбардор/саҳифабанди нашрия”, “Рӯзноманигори соҳибмактаб” ва “Беҳтарин котиби матбуотӣ” таъсис дода шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.