“Диссернет”: ВАК-и Русия дараҷаи доктории олими тоҷик Абдурасул Сангиновро бекор мекунад

Пойгоҳи интернетии "Диссернет" хабар додааст, ки Раёсати КОА (ВАК)-и Вазорати маориф ва илми Русия тавсия додааст, ки дараҷаи илмии 11 олими риштаи тиб ва 2 олими биология ва кишоварзӣ бекор карда шавад. Дар миёни ин 11 нафар се  доктори илм низ ҳастанд, ки яке аз онҳо олими тоҷик, мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба […]

Пойгоҳи интернетии "Диссернет" хабар додааст, ки Раёсати КОА (ВАК)-и Вазорати маориф ва илми Русия тавсия додааст, ки дараҷаи илмии 11 олими риштаи тиб ва 2 олими биология ва кишоварзӣ бекор карда шавад. Дар миёни ин 11 нафар се  доктори илм низ ҳастанд, ки яке аз онҳо олими тоҷик, мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Сино Абдурасул Сангинов низ мебошад.

Ин пойгоҳ гуфтааст, ки қарор аст, дар мавриди бекор кардани дараҷаи илмии ин 13 нафар фармони Вазорати маориф ва илми Русия содир шавад. Ба навиштаи пойгоҳ дар мавриди ҳамаи ин 13 нафар "Диссернет" таҳқиқот анҷом дода буд. 

Пойгоҳи "Диссернет" моҳи марти соли гузашта Абдурасул Сангиновро муттаҳам ба асардуздӣ карда буд. Ин Пойгоҳ навишта буд, ки олими тоҷик дар рисолаи докторияш, ки соли 2011 дар Санкт-Петербург ҳимоя кардааст, аз корҳои илмии чанд олими рус, аз ҷумла Андрей Горохов, Сергей Шевчуков ва дигарон рӯйбардор кардааст. 

Худи Абдурасул Сангинов мегӯяд, ки аз ин тасмими КОА-и Русия хабар надорад. Ӯ рӯзи 11-уми март дар сӯҳбат бо "Азия-Плюс" гуфт, ки КОА-и Вазорати илму маорифи Русия ба вай ягон паём ё огоҳие нафиристодааст.

"Вақте соли гузашта "Диссернет" маро муттаҳам ба асардуздӣ карда, ман ба ин кори онҳо вокуниш нишон дода, посухи расмӣ навиштам. Ба посухи ман аз сӯйи "Диссернет" посух дода нашуд. Ман ба КОА-и Русия рафтам, дар яке аз ҳимояҳо ширкат кардам. Ба ман дар он ҷо гуфтанд, ки ягон чизи ҷиддие нест. Баъдан шароити пандемия шуду ягон гапу хабар нашуд".

Пойгоҳи "Диссернет" як пойгоҳи мустақили таҳқиқотии интернетиест, ки мавридҳои асардуздӣ дар рисолаҳоеро, ки дар КОА-и Русия дифоъ шудаанд месанҷад. Ин пойгоҳ дар 3-4 соли ахир бештар аз 50 олими тоҷикро дар асардуздӣ муттаҳам кард, аммо аз ин миён танҳо Абдурасул Сангинов кори ин пойгоҳро ноодилона ва нодуруст хонду ба он вокуниши расмӣ кард. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.