spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Таъини вазири нави маориф ва илми Тоҷикистон

Собиқ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маҳмадюсуф Имомов вазири маориф ва илми Тоҷикистон таъин шуд.

Дар ин мансаб ӯ Нуриддин Саидро иваз кард, ки тайи 8 соли охир дар ин вазифа кор мекард. Бо фармони президент ӯ раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ таъин шуд. Дар ин вазифа ӯ Маҳмадсаид Шоҳиёнро иваз кард.

Нуриддин Саид академики улуми фалсафа аст. Аз соли 2008 раисҷумҳур ба ӯ вазифаҳои роҳбариро бовар карда,  ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ таъин кард.

Сипас ӯ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъин шуда, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чаҳорум интихоб шуд.

Аз 10-уми январи соли 2012 вазири маорифи Тоҷикистон буда, 27-уми ноябри соли 2013 дубора ба ин вазифа таъин шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Нуриддин Саид

Ҳасби ҳол: Маҳмадюсуф Имомов соли 1981 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии ба номи Ленинро хатм кардааст. Доктори илмҳои филологӣ, профессор мебошад.

Аз соли 1981 – сарлаборанти факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон.

Аз моҳи ноябри соли 1984 то ноябри соли 1985 – коромӯз-муҳаққиқи Донишгоҳи адабиёти ҷаҳонии ба номи М.Горкийи Маскав.

Аз моҳи ноябри соли 1985 то ноябри соли 1988 – таҳсил дар аспирантураи Донишкадаи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, Академияи илмҳои Тоҷикистон.

Аз соли 1988 – корманди илмии шуъбаи адабиёти шӯравии тоҷики Донишкадаи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, АИ ҶТ, сармуаллим, унвонҷӯй (дотсент)-и кафедраи назарияи адабиёти муосири тоҷик, муовини декани факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон.

Аз моҳи августи соли 1999 то соли 2004 – декани факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон.

Аз соли 2004 то 27-уми августи соли 2012 – ректори Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон.

Аз соли 2012 то имрӯз ба ҳайси ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ифои вазифа мекард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...