Аксари домодҳои хориҷии Маскав дар соли 2020 шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд

Шуъбаҳои Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ, ЗАГС)-и Маскав соли 2020 наздики 8,5 ҳазор ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷиро ба қайд гирифтаанд, ки 2% камтар нисбат ба соли 2019 мебошад. Дар бора ба ТАСС дар Раёсати САҲШ-и Маскав хабар додаанд. “Соли 2020 шумори никоҳҳо бо иштироки хориҷиён 2% кам шуд – аз 15% дар соли 2019 […]

Asia-Plus

Шуъбаҳои Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ, ЗАГС)-и Маскав соли 2020 наздики 8,5 ҳазор ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷиро ба қайд гирифтаанд, ки 2% камтар нисбат ба соли 2019 мебошад. Дар бора ба ТАСС дар Раёсати САҲШ-и Маскав хабар додаанд.

“Соли 2020 шумори никоҳҳо бо иштироки хориҷиён 2% кам шуд – аз 15% дар соли 2019 то ба 13% дар соли 2020. Маъмулан нисбат ба арӯсон домодҳои хориҷӣ зиёдтаранд. Ҳудуди 5 ҳазор домоди хориҷӣ ва 3,5 ҳазор арӯсон соли 2020 дар Маскав ақди никоҳ бастаанд”, – иброз доштааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ.

Гуфта мешавад, соли 2020 ҳудуди 450 ақди никоҳ танҳо байни шаҳрвандони хориҷӣ суарт гирифтааст, ки 30 камтар дар муқоиса бо соли 2019 аст.

Миёни домодҳои хориҷӣ аксариятро шаҳрвандони Тоҷикистон, Украина ва Озарбойҷон ва байни кишварҳои хориҷи дур – шаҳрвандони Нигерия, Туркия, Ветнам, Британияи Кабир ва Афғонистон ташкил додаанд. Соли 2020 бештар арӯсон аз Украина, Қирғизистон ва Беларус, инчунин Ветнам, Нигерия ва ИМА ба шавҳар баромадаанд.

Зикр мегардад, ки аз 1 октябри соли 2019 дар ҳамаи шуъбаҳои САҲШ сабти ақди никоҳҳо бо шаҳрвандони хориҷии давлатҳои хориҷи дур оғоз гардид. Қаблан ин маросимҳо танҳо дар Қасри ақди никоҳи №4 ва шуъбаи САҲШ-и Шипилово сабт мешуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.