Ифтитоҳи корхонаи нави истеҳсоли семент дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Дар ҷараёни сафари корӣ ба вилояти Хатлон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба фаъолияти Корхонаи сементбарории ширкати “Моҳир семент” ҳусни оғоз бахшид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, корхона масоҳати 6,7 гектар қитъаи заминро фаро гирифта, иқтидори солонаи он 600 ҳазор тонна сементи хушсифат мебошад. Дар коргоҳ айни замон ду навъи […]

Дар ҷараёни сафари корӣ ба вилояти Хатлон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба фаъолияти Корхонаи сементбарории ширкати “Моҳир семент” ҳусни оғоз бахшид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, корхона масоҳати 6,7 гектар қитъаи заминро фаро гирифта, иқтидори солонаи он 600 ҳазор тонна сементи хушсифат мебошад. Дар коргоҳ айни замон ду навъи семент – М400 ва М500 бо дарназардошти талаботи стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол карда мешавад.

Қисми бештари сементи истеҳсолнамудаи коргоҳи мазкур чун маҳсулоти содиротӣ ба Афғонистон ва Ӯзбекистон содирот карда мешавад. Корхона мазкур аз лиҳози логистикӣ низ дар мавзеъи мувофиқ ҷойгир буда, аз ин ҷо то ба сарҳад роҳ хеле наздик аст. Хати роҳи оҳан низ то ба дохили корхонаи “Моҳир семент” бунёд гардидааст.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон дар ин ноҳия Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии ”Санавбар”-ро  мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Ин муассиса аз ҷониби оилаи Саидзодаҳо бунёд гардид.

Боғчаи “Санавбар” аз ду ошёна иборат буда, имконият дорад, ки бештар аз 200 кӯдакро ба тарбия фаро гирад. Омӯзиш дар муассисаи нав бо чор забон – тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ӯзбекӣ ба роҳ монда шудааст.

Сипас бо иштироки президент дар маркази ноҳия бинои чойхона ва тарабхонаи миллии “Шамсулло”-ро, ки аз тарафи сокини ватандӯсти ноҳия Кароматулло Абдуллозода сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бино аз ду ошёна иборат буда, дар чойхона 150 ва дар тарабхона барои 200 нафар ҷойи нишаст муҳайё гардидааст. Сокини ватандӯст Кароматулло Абдуллозода ният дорад, ки то ҷашни Истиқлол меҳмонхонаи боҳашамати “Наврӯз”-ро, ки аз 4 ошёна иборат хоҳад буд, бунёд намояд.

Дар ҳамин ҷо Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони кулли вилояти Хатлон вохӯрӣ анҷом дода, ба ҳамаи онҳо тӯҳфаҳои наврӯзии иборат аз сару либос, ширинӣ ва кумакҳои пулӣ тақдим карданд.

Субҳи рӯзи 25 март дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки сарвари давлат боз иншооти зерин ба истифода дода шуд:

Бинои наву муосири Маркази ташхисию табобатии “Исмоил бо майдончаи варзишии болопӯшида дар шафати он…

… Маҷмааи тиҷоратии “Наврӯз”

… Маркази хизматрасонӣ бо тарабхонаи “Замира” ва меҳмонхона

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти гармхонаи навтаъсиси Хоҷагии тиҷоратии ба номи “Сафар Ҷумъаев” шинос шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.