Автомошинаи шоҳҷоизаи бузкашии Суғдро барои сеюмин бор аспи Буҳрон соҳиб шуд

Аспе бо номи Бӯҳрон, ки моли Фурқат Икромов сокини шаҳри Исфара аст, таҳти савории Абдураҳмон паҳлавон бори сеюм дар мусобиқаи бузкашии вилояти Суғд соҳиби ҷоизаи асосӣ шуд. Рӯзи 27-уми март низ дар мусобиқаи бузкашӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз, ки дар ипподроми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир шуд Абдураҳмон паҳлавон аз ноҳияи Спитамен бо ҳамин аспи Бӯҳрон […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Аспе бо номи Бӯҳрон, ки моли Фурқат Икромов сокини шаҳри Исфара аст, таҳти савории Абдураҳмон паҳлавон бори сеюм дар мусобиқаи бузкашии вилояти Суғд соҳиби ҷоизаи асосӣ шуд.

Рӯзи 27-уми март низ дар мусобиқаи бузкашӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз, ки дар ипподроми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир шуд Абдураҳмон паҳлавон аз ноҳияи Спитамен бо ҳамин аспи Бӯҳрон соҳиби мошини Ваз-2107, 8,5 ҳазор сомонӣ, як телевизору як қолин гардид.

Дар ин мусобиқаи бузкашӣ беш аз 700 човандоз аз қаламрави Тоҷикистон ба иподроми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омаданд.  Мусобиқаи пойга ва бузкашӣ бо ташаббуси ҳукумати вилояти Суғд баргузор гардид ва Раҷаббой Аҳмадзода раиси ин вилоят низ дар ин маросим ҳузур дошт.

Дар мусобиқаи бузкашӣ ҷоиза барои расонидани буз ба майдони поён ва боло аз 150 то 250 сомонӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ муқаррар буд. Барои бузкаши ғолиб мақомот ҷоизаи асосӣ як мошини Ваз-2107 ва 3 ҳазор сомонӣ мукофоти пулӣ телевизору қолин гузошта буд. Аммо дар ҷараёни бузкашӣ ин маблағ то ба 8,5 ҳазор сомонӣ зиёд шуд ва мошину ҷоизаи пулӣ насиби Абдураҳмон паҳлавон гардид.

Дар даври сабқати атптозӣ беҳтарин ё худ пойгаи аспҳои зоти тоҷикӣ, англисӣ ва ахелтекинӣ сокини шаҳри Хуҷанд Некрӯз Мирзоиброҳимов соҳиби Ҷоиза мошини Ваз-2107 ва 3 ҳазор сомонӣ мукофоти пулӣ,  телевизор ва як қолин гардид. Ин човандози Хуҷанд  бо аспи худ масофаи 2200 метрро дар 2,23 дақиқа тай намуд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.