Дар 21 қитъаи роҳи мошингарди ВМКБ тарма фаромадааст

Шабонарӯзи гузашта дар натиҷаи боришҳои шадид дар қаламрави ВМКБ 21 ҳодисаи лағзиши тарма, 9 сел ва 4 резиши санг ба қайд гирифта шуд. Ҳодисаҳои лағзиши тарма, омадани сел ва резиши сангу рег рӯзи 28 март дар қаламрави ноҳияҳои Ванҷ, Роштқалъа, Шуғнон, Рӯшон, Ишкошим ва Мурғоб ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои […]

Asia-Plus

Шабонарӯзи гузашта дар натиҷаи боришҳои шадид дар қаламрави ВМКБ 21 ҳодисаи лағзиши тарма, 9 сел ва 4 резиши санг ба қайд гирифта шуд.

Ҳодисаҳои лағзиши тарма, омадани сел ва резиши сангу рег рӯзи 28 март дар қаламрави ноҳияҳои Ванҷ, Роштқалъа, Шуғнон, Рӯшон, Ишкошим ва Мурғоб ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, дар натиҷа қитъаҳои гуногуни роҳҳои мошингарди Ванҷ-Рӯшон, Хоруғ-Ишкошим ва Хоруғ-Мурғоб муваққатан баста шуданд.

Барои бартараф намудани паёмадҳои офатҳои табиӣ аз ҷониби Вазорати нақлиёт техникаи махсус барои тоза кардани роҳҳо ҷудо карда шуд. Дар айни замон ин роҳҳо бастаанд. Дар офатҳои табиӣ хушбахтона, талафи ҷонӣ ва вайрониҳо ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамаи воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба ҳолати омодабоши ҷиддӣ даромада ва дар минтақаҳои осебпазиру хавфнок навбатдориҳои шабонарӯзӣ ташкил карда шудаанд. Ин гуна навбатдориҳо ба хотири пешгирӣ аз ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе – Ванҷ ба роҳ монда шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳодисаҳои резиши сангу рег дар роҳи Душанбе-Хуҷанд низ хабар медиҳанд.

Тибқи маълумоти обуҳавошиносон, бо сабаби боришҳои шадид ва баланд рафтани дамои ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи марказ, нишебиҳои ҷанубии Водии Ҳисор ва қисмати ғарбии ВМКБ хатари лағзиши тарма, сангрезӣ ва омадани сел вуҷуд дорад. Дар водиҳо ва минтақаҳои доманакӯҳ эҳтимоли зиёди фаромадани туман вуҷуд дорад.

То 1 апрел дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда – Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ), Обихингоб эҳтимоли якбора баландшавии сатҳи об пешгӯйӣ мешавад.

Ғайр аз ин, боришоти зиёд дар минтақаҳои кӯҳистон ва теппадор метавонад ба шусташавии хок ва ба ҳаракат омадани он (лағзиши он) ва болоравии сатҳи об дар дарёҳо боис гардад, ки дар навбати худ, метавонад ба шусташавии соҳилҳои рӯдхонаву кӯлҳо оварда расонад. Инчунин босуръат болоравии сатҳи об дар дарёҳо метавонад ба шусташавии пастхамиҳо, заминҳои кишт, қитъаҳои роҳи паҳлӯи соҳилҳо ва пулу сарбандҳо оварда расонад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандону меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки қоидаҳои асосии бехатарии шахсиро риоя намуда, дар чунин шароити вазъи обуҳаво аз ҳузур доштан назди обанборҳову ба моҳидорӣ машғул шудан, ба кӯҳҳо ба сайру саёҳат рафтан, шикору ҷамъоварии ҳезум ва растаниҳои кӯҳӣ даст кашанд. Ба нигоҳубини кӯдакон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, онҳоро бе назорат нагузоранд ва ба чорвочаронӣ нафиристанд.

Инчунин ба шаҳрвандоне, ки дар манотиқи рустоӣ ва кӯҳӣ зиндагӣ мекунанд, тавсия дода мешавад, ки мӯзаҳои резинӣ гиранд, ҳамеша   телефонҳои мобилии худро фаъол нигоҳ доранд, доруҳои дорухонаи шахсии худро нав кунанд,  системаҳои равшанидиҳандаи иловагӣ харанд.

Кумита аз аҳолӣ дархост мекунад, ки ҳамаи ҷӯйбору наҳр, қубурҳои обпартои назди хонаҳояшонро тоза кунанд.

Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар роҳҳои мошингард, хусусан ҳангоми истифодаи роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо, боисрор аз ронадагон дархост мешавад, ки ҳаракатҳоро бахусус шабона маҳдуд сохта, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва суръати ҳаракату масофаро қатъиян риоя намоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.