Барканории Самариддин Ализода муовини вазири тандурустӣ ва чеҳраи пурбаҳси рӯзҳои ахир

Самариддин Ализода муовини вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чеҳраи пурбаҳси рӯзҳои ахири расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, аз мақомаш барканор шуд. Қарори барканории ӯро имрӯз Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон расонаӣ кард. Дар қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди далелҳои барканории Самариддин Ализода чизе гуфта намешавад, танҳо омадааст, ки "Ализода Самариддин аз вазифаи муовини Вазири тандурустӣ […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Самариддин Ализода муовини вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чеҳраи пурбаҳси рӯзҳои ахири расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, аз мақомаш барканор шуд. Қарори барканории ӯро имрӯз Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон расонаӣ кард.

Дар қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди далелҳои барканории Самариддин Ализода чизе гуфта намешавад, танҳо омадааст, ки "Ализода Самариддин аз вазифаи муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад". 

Ҳамчунин дар ин қарор гуфта нашудааст, ки ӯ ба мақоми дигаре таъин шудааст ё не. Ҳамчунин гуфта нашудааст, ки барканории ӯ ба хабарсоз шудани амалкардҳои ахири ӯ рабт дорад ё не.

Зоҳиран барканории Самариддин Ализода дар пайи ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифтааст, ки имрӯз  доир шуд.

Самариддин Ализода чанд рӯзи ахир бар асари баъзе лағзишҳо дар суханронияш ҳангоми эъломи тасмими Тоҷикистон барои воксинзанӣ ва чигунагии истифодаи Тоҷикистон аз воксини  муштараки бритониёиву шведии "AstraZeneca", ки  дар доираи барномаи барномаи COVAX ба Тоҷикистон кӯмак шуда буд, сари забони расонаҳо ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шуда буд. 

Ҳамчунин бо фармонҳои президенти Тоҷикистон ду додрас Зоирзода Мӯътабар Яздонӣ аз вазифаи судяи суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан ва Раҳматзода Тоҷиддин Раҳмат аз вазифаи судяи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод шудаанд

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.