Шӯрои уламо “фатво”-и воксинро дод: мардум таъҷилан эм кунанд

Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри як муроҷиатнома аз мардуми кишвар даъват кардааст, ки таъҷилан алайҳи бемории коронавирус воксин бигиранд ва ба ҳар гуна овозаҳои мардум дар маврди ваксинаи мазкур, ки ба Тоҷикистон ворид шудааст, эътибор надиҳанд.   Дар ин муроҷиати Шӯрои уламо, ки 29-уми март дар торнамои ин ниҳод нашр шудааст гуфта […]

Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри як муроҷиатнома аз мардуми кишвар даъват кардааст, ки таъҷилан алайҳи бемории коронавирус воксин бигиранд ва ба ҳар гуна овозаҳои мардум дар маврди ваксинаи мазкур, ки ба Тоҷикистон ворид шудааст, эътибор надиҳанд.  

Дар ин муроҷиати Шӯрои уламо, ки 29-уми март дар торнамои ин ниҳод нашр шудааст гуфта мешавад, ки "эмгузаронӣ (ваксинатсия) ягона роҳи нигаҳдории солимии миллат буда, бепарвоӣ  оқибати ногувор дорад".

Дар муроҷиати ин ниҳод гуфта мешавад, ки баъзеҳо ҷонибдори вокуниши ғайрифаъол ба даъвати эмкунӣ ҳастанд, ки гӯё баъзе доираҳои хориҷӣ мехоҳанд тавассути ваксина ба мардум зарар расонанд.

«Баъзе инсонҳо вокуниши ғайрифаъолро ба даъвати ба эмгузаронӣ бо баҳонаи он, ки баъзе доираҳои хориҷӣ ба воситаи эмгузаронӣ мехоҳанд ба мардум зарар расонанд, тарғиб мекунанд. Ин сароҳатан муносибати ғалат аст, ки аз саъйю талоши хидмат ба манфиатҳои беҳтарини мардум ва ҷомеаҳо ҷудо мебошад. Чунин муносибат ба яке аз ду сабаб ишора мекунад: ин ё натиҷаи ҷаҳолат ва нодонии аҳкоми шариат аст, ё ин ки натиҷаи адами огоҳӣ аз оқибатҳои хатарноки вогузорӣ ва тарки эмгузаронӣ».

Ин ниҳод ҳамчунин илова гуфтааст, ки табибон ва коршиносони соҳаи тиб таъкид менамоянд, ки ҳамаи ваксинаҳо таҳти назорати созмонҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла Созмони байналмиллалии тандурустӣ қарор доранд ва аз ҳама гуна санҷишҳо гузаштаанд.

Шӯрои уламо таъкид кардааст, ки ҳарчанде дар натиҷаи тадбирҳои саривақтӣ аз 1 январ то ҳол ягон ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта нашуда бошад ҳам, аммо дар дигар давлатҳо вазъият ҳамоно нигаронкунанда мебошад. Ва мавҷҳои нави шиддатнокии бемории коронавирус пайдо шуда истодаанд, ки чораҳои асоситарини пешгирӣ ва аз байн бурдани бемории Ковид-19 ин эмгузаронӣ (ваксинатсия, иммунизатсия) мебошад.

Шӯрои уламо, ки ягона ниҳоди содиркунандаи фатво аст, гуфта, ки «баҳри ҳифзи саломатии худ ва атрофиён ҳар як шахси ватандӯст, аввал шахсони калонсол бояд дар нуқтаҳои махсуси тиббӣ, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ташкил карда шудаанд, бетаъхир, таъҷилан аз эмгузаронӣ (ваксинатся) гузаранд. Эмгузаронӣ ба муқобили бемориҳо дар робита ба ҳифзи ҳаёт ба воситаи муҳофизат намудани он аз хавфу хатари беморӣ ба шариат мувофиқ аст. Вақте ки аз нигоҳи шариат ба эмгузаронӣ назар кунем, аҳамияти он зоҳир мегардад, чунки ҳар чизе, ки инсонро аз зарар эмин медорад, онро шариат мутобиқи қоидаи ҷилавгирӣ аз зарар ҳатман тақозо менамояд».

Дар Тоҷикистон, ки дар доираи барномаи COVAX ба кишвар воксини  муштараки бритониёиву шведии "AstraZeneca" кӯмак шудаааст, сару садоҳои бархоста атрофи ин воксин дар кишварҳои аврупоӣ таъсиргузор шудааст. То имрӯз танҳо хабарҳо дар бораи воксин гирифтани духтурон расонаӣ шудаасту халос. 

Айни ҳол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти мавҷуд будани хавфи сироятёбӣ ба навъҳои дигари бемории Ковид-19 ва пешгирии мавҷҳои нави шиддатнокии ин беморӣ ваксина дарёфт намуда, дар саросари кишвар нуқтаҳои эмгузаронӣ (ваксинатсия) ташкил кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.