Оғоз шуд: Навбатпойӣ барои билети Русия. Билетхаронро рӯйхат мекунанд

Имрӯз садҳо нафар дар назди хазинаҳои билетфурӯшӣ дар Душанбе ҷамъ омаданд, то билети парвозҳои мустақим ба Русияро дарёфт кунанд. Онҳо мегӯянд, дар Фурудгоҳи Душанбе ба онҳо гуфтаанд, ки фурӯши чипта ба самти Русия бо хатсайрҳои доимӣ аллакай шурӯъ шуда, дар хазинаҳои минтақаи мавсум ба "Зелёний", ки ба ҶСК “Агентии алоқаи ҳавоӣ” марбутанд, фурӯхта мешаванд. Усмон Муҳаммадиев, ки донишҷӯи […]

Имрӯз садҳо нафар дар назди хазинаҳои билетфурӯшӣ дар Душанбе ҷамъ омаданд, то билети парвозҳои мустақим ба Русияро дарёфт кунанд. Онҳо мегӯянд, дар Фурудгоҳи Душанбе ба онҳо гуфтаанд, ки фурӯши чипта ба самти Русия бо хатсайрҳои доимӣ аллакай шурӯъ шуда, дар хазинаҳои минтақаи мавсум ба "Зелёний", ки ба ҶСК “Агентии алоқаи ҳавоӣ” марбутанд, фурӯхта мешаванд.

Усмон Муҳаммадиев, ки донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои Русия буд, ба Тоҷикистон омаду инак 7 моҳ мешавад аз сабаби баста будани  роҳҳо наметавонад барои идомаи таҳсилаш баргардад. Вай афзуд, ки ӯро чанд маротиба аз раёсати донишгоҳ огаҳ карданд то биёяд, дар акси ҳол аз сафи донишҷӯён хориҷ хоҳад шуд.  

Дар натиҷаи соатҳо навбатпойӣ, ҳеҷ яке аз шаҳрвандон соҳиби чипта нашуд. Вале намояндагони идора рӯйхати хоҳишмандонро тартиб доданд. Масъулини хазинаи чиптафурӯшӣ аз суҳбат бо хабарнигорон худдорӣ карданд.

Ба Қурбоналӣ Зокиров  дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе гуфтаанд, ба чиптафурӯшии назди бозори “Зелёний“ биравад, чун онҷо аллакай фурӯши чиптаҳо бо нархи 3- 3,5 ҳазор сомонӣ шурӯъ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки парвозҳои доимӣ миёни Тоҷикистону Русия аз 2 апрел шурӯъ мешавад. Аммо то ҳол маълум нест, ки аз куҷо мардум метавонад чипта дастрас кунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.