Имсол қурби доллар дар Тоҷикистон зиёд боло намерафтааст

Коршиносони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) устувор гардидани ҷараёни қурби асъори кишварҳои узви ин муасисаро дар соли 2021 интизорӣ доранд. Дар Гузориши макроиқтисодии рӯзи 31 март нашршудаи Бонк гуфта мешавад, аз аввали соли равон қурби асъори кишварҳои минтақа нисбат ба доллар ба таври кофӣ устувор боқӣ мемонанд. “Болоравии нархи нафт ба ин мусоидат мекунад. Дар ҳамин […]

Коршиносони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) устувор гардидани ҷараёни қурби асъори кишварҳои узви ин муасисаро дар соли 2021 интизорӣ доранд.

Дар Гузориши макроиқтисодии рӯзи 31 март нашршудаи Бонк гуфта мешавад, аз аввали соли равон қурби асъори кишварҳои минтақа нисбат ба доллар ба таври кофӣ устувор боқӣ мемонанд.

“Болоравии нархи нафт ба ин мусоидат мекунад. Дар ҳамин ҳол таъсири хавфҳои геополитикӣ ба рубли русӣ идома ёфта, шароити устувор будани онро маҳдуд месозад”, – навиштаанд таҳлилгарони БАОР.

Онҳо қурби миёнаи драми арманиро дар соли 2021 нисбат ба доллар ҳудуди 521, рубли беларусӣ – 2,63, тангаи қазоқӣ – 421,6, соми қирғизӣ – 84,9, рубли русӣ – 73,6 ва сомонии тоҷикӣ – 11,5 пешгӯйӣ кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки соли 2020 қурби расмии пули миллии Тоҷикистон нисбат ба доллари ИМА ба андозаи 16,6% поин рафт: аз 9,69 сомонӣ барои 1 доллар то 11,3 сомонӣ. Тайи даҳсолаи ахир қурби сомонӣ нисбат ба доллар танҳо соли 2015 аз ин андоза бештар – 34% беқурб шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.