“Шабакаи аввал”-и Русия гуфт, маълумоти шеваи овоздиҳӣ ба суруди Манижаро пешниҳод мекунад

Date:

Телевизиони “Шабакаи аввал” (Первый канал)-и Русия ба пешниҳоди маълумот дар бораи ҷараёни овоздиҳии тамошобинон барои интихоби суруд ба озмуни “Евровидение” изҳори омодагӣ кард, хабар додаанд ба ТАСС аз ин шабака.

“Суруд барои озмуни “Евровидение” бо ёрии овоздиҳии тамошобинон интихоб шуд. Ҷараёни овоздиҳиро ширкати Ernst&Young пайгирӣ намуда, мутобиқати ҷараёни овоздиҳиро ба регламент (тартиби)-и интихоб тасдиқ кард”, – гуфтаанд дар хадамоти матбуоти шабака.

Қаблан раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко нисбат ба суруди овозхон Манижа, ки дар озмуни “Евровидение” месарояд, изҳори тааҷҷуб кард. Ӯ дастур дод, ки аз “Шабакаи аввал” дар бораи раванди интихоби ширкаткунанда ва сурудаш маълумот дархост шавад.

“Озмуни Евровидение” аз 18 то 22 май дар Роттердам доир мегардад. Аз рӯйи натиҷаҳои овоздиҳӣ, ки “Шабакаи аввал” баргузор кард, Русияро дар он овозхони тоҷиктабори ин кишвар Manizha бо таронаи"Русская женщина" (Russian woman) намояндагӣ мекунад. Ӯ дар даври аввали нимфиналӣ рӯзи 18 май ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...