Сокинони Тоҷикистон аз тамошои барномаҳои шабакаи «РТР-Планета» маҳрум шуданд

            Душанбе. 2-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Пахши барномаҳои шабакаи ягонаи телевизионии «РТР-Планета»-и Русия дар қаламрави Тоҷикистон дигар барқарор нахоҳад шуд. Ёдрас мекунем, ки имрӯз аз қатъи пахши барномаҳои шабакаи «РТР-Планета» дар қаламрави Тоҷикистон як моҳ пур мешавад.             Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ Самад […]

Валентина Кондрашова



           

Душанбе. 2-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Пахши барномаҳои шабакаи ягонаи телевизионии «РТР-Планета»-и Русия дар қаламрави Тоҷикистон дигар барқарор нахоҳад шуд. Ёдрас мекунем, ки имрӯз аз қатъи пахши барномаҳои шабакаи «РТР-Планета» дар қаламрави Тоҷикистон як моҳ пур мешавад.





           

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ Самад Ҳикматов изҳор дошт, ба қатъи пахши барномаҳои шабакаи мазкур Ширкати давлатии умумирусиягии телевизиону радиои Русия, ки шабакаи «РТР-Планета» шомили он аст, гунаҳкор мебошад. «Имрӯз ҳукуматдорони Тоҷикистон дар бораи қатъи пахши барномаҳои ин шабака дар қаламрави кишвар ва даст кашидан аз идомаи гуфтушунид бо ҷониби Русия дар ин хусус қарори ниҳоӣ қабул карданд. Фазои қабули пахши барномаҳои телевизиони «РТР-Планета» барои пахши барномаҳои шабакаҳои дигар истифода хоҳад шуд», – гуфт ӯ.




           

С.Ҳикматов гуфт, мақомоти раҳбарии ҶСК «Телерадиоком» чандин маротиба унвонии мақомоти раҳбарии Ширкати давлатии умумирусиягии телевизиону радиои Русия ҷиҳати зиёд кардани тарофаҳои хизматрасонии таъмини пахши барномаҳо мактуб ирсол кардаанд, вале посухи мушаххасе нагирифтаанд. «Мо ҳанӯз 17-уми феврали соли ҷорӣ онҳоро огаҳ сохтем, ки дар сурати ҳал нагардидани масъала аз ҷониби худ пахши барномаҳоро қатъ месозем ва воситаҳои техникии ширкатро ба шабакаҳои дигар пешниҳод мекунем, вале онҳо ҳеҷ вокунише нишон надоданд», – гуфт С.Ҳикматов.




           

Номбурда афзуд, феълан қарзи Ширкати давлатии умумирусиягии телевизиону радиои Русия дар назди ҶСК «Телерадиоком» ба 7 млн. рубли русӣ баробар аст. «Чун ҷониби Русия ҳамеша пардохти қарзҳоро ба таъхир меандозад, бо назардошти бӯҳрони молӣ ва беқурбшавии асъор хисороти молии мо танҳо дар моҳҳои ноябр-декабр беш аз 100 ҳазор сомониро ташкил доданд», – изҳор дошт С.Ҳикматов.

 



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова