Ширин Амонзода хабаргирии барандаи Шоҳҷоизаи “Фурӯғи субҳи доноӣ” рафтааст.

Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон  бо нашри чанд аксе дар саҳфаи фейсбукаш гуфтааст, ки ба хабаргирии Раъно Насриддинова, барандаи Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи донӣ китоб аст" рафтааст.  Ширин Амонзода навиштааст: "Дар ҳоле, ки аз дард лаб мегазад, аз китоб чеҳрааш пуртабассум мешукуфад. Раьно воқеан мубориз аст, дардро бо хониш саркӯб […]

Asia-Plus

Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон  бо нашри чанд аксе дар саҳфаи фейсбукаш гуфтааст, ки ба хабаргирии Раъно Насриддинова, барандаи Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи донӣ китоб аст" рафтааст. 

Ширин Амонзода навиштааст: "Дар ҳоле, ки аз дард лаб мегазад, аз китоб чеҳрааш пуртабассум мешукуфад. Раьно воқеан мубориз аст, дардро бо хониш саркӯб мекунад. Шифои оҷилу комил бароят, духтари хонову донои миллат!"

Раъно Насриддинова ҳафтаи гузашта дар беморхонаи шаҳри Панҷакент аз бемории кӯррӯда ҷарроҳӣ шуда буд. Наздиконаш вазъи сиҳатии ӯро хуб арзёбӣ мекунанд.

Вазир дар саҳфааш нагуфтааст, ки ба хабаргирии Раъно ба куҷо рафтааст. Зоҳиран ин аёдат дар Панҷакент сурат гирифтааст, зеро ҷарроҳии Насриддинова дар беморхонаи шаҳри Панҷакент гузашта буд. 

Дар озмуни соли 2020 "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" Раъно Насриддинова дурахшиши хубе дошт. Ӯ ҳам дар даври вилоятии озмун ва ҳам дар даври ҷумҳурявӣ барандаи Шоҳҷоизаи озмун шуд. 

Дар шабу рӯзи баргузории озмун гуфта мешуд, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар як ҷаласаи ҳукумат аз маҳорат ва истеъдоди Насриддинова ситоиш кардааст. 

Баъдан ҳузур ва суҳбати Раъно Насриддинова дар расонаҳо вокунишҳои гуногуне дар шабакаҳои иҷтимоӣ дошт. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.