Боғи Аҳмади Дониш беҳтарин дар Душанбе эълон шуд

Дар Душанбе аз озмунҳои шаҳрии беҳтарин боғу гулгашт, кӯчаву хиёбон ва гулпарвари беҳтарини пойтахти Тоҷикистон натиҷагирӣ шуд. Раиси Комиссияи озмун, муовини раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода Боғи ба номи Аҳмади Донишро беҳтарин боғ дар пойтахт эълон кард. Зинаҳои дуюм дар ин номинатсия ба боғҳои “Устод Рӯдакӣ” ва ба номи Айнӣ, мақоми сеюм ба боғҳои ботаникӣ […]

Дар Душанбе аз озмунҳои шаҳрии беҳтарин боғу гулгашт, кӯчаву хиёбон ва гулпарвари беҳтарини пойтахти Тоҷикистон натиҷагирӣ шуд.

Раиси Комиссияи озмун, муовини раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода Боғи ба номи Аҳмади Донишро беҳтарин боғ дар пойтахт эълон кард. Зинаҳои дуюм дар ин номинатсия ба боғҳои “Устод Рӯдакӣ” ва ба номи Айнӣ, мақоми сеюм ба боғҳои ботаникӣ ва Боғи Куруш муносиб дониста шуд.

Дар номинатсияи “Гулгашти беҳтарин” зинаи аввалро Гулгашти назди Сирки давлатӣ (ноҳияи Фирдавсӣ), зинаи дуюмро – Гулгашти хиёбони Рӯдакӣ (ноҳияи Шоҳмансур) ва зинаи сеюмро – Гулгашти кӯчаи Карамов (ноҳияи Сино) ишғол намуданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт.

Дар номинатсияи «Кӯча ё хиёбони беҳтарин» – кӯчаи Аҳмади Дониш (ноҳияи Шоҳмансур) мавқеи аввал, Кӯчаи Нусратулло Махсум (ноњияи Сино) ҷойи 2-юм, Хиёбони Рӯдакӣ (ноҳияи Исмоили Сомонӣ) зинаи сеюмро касб карданд.

“Гулпарвари беҳтарин” – Гулнигор Ғафорова, муовини директори «Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал», дониста шуд. Ҷойи 2-юм ба Шариф Шеров, муовини директори КВД ТИИ «Сабзкорӣ» дода шуд. Таманно Абдуллозода, корманди МД «Нигоҳдории боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон»-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сазовори зинаи 3-юм шуд.

Гуфта мешавад, ба ғолиби ҷойи якуми озмун «Дипломи дараҷаи 1» ва мукофот ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм – «Дипломи дараҷаи 2» ва мукофот ба маблағи 7 ҳазор сомонӣ ва барои ғолиби ҷойи сеюм – «Дипломи дараҷаи 3» ва мукофот ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ тақдим шуд.

Барои баргузории озмунҳои зикршуда бо супориши раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ аз буҷети шаҳр дар маҷмӯъ 88 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.