Дар Тоҷикистон ба беморхонаҳои хусусӣ задани воксини COVID-19-ро иҷоза надоданд

Дар Тоҷикистон ба бемористонҳои хусусӣ гузаронидани воксин алайҳи коронавируси COVID-19 бинобар надоштани иҷозатнома мумкин нест, гуфт ба «Азия-Плюс» сардори Хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ Наврӯз Ҷаъфаров. Ба гуфтаи вай, раванди эмгузаронӣ алайҳи коронавируси COVID-19 дар беморхонаҳои хусусии Тоҷикистон ҳанӯз ба роҳ монда нашудааст, «зеро дар литсензияҳои клиникаҳои хусусӣ дар Тоҷикистон айни замон чунин фаъолиятҳо пешбинӣ […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон ба бемористонҳои хусусӣ гузаронидани воксин алайҳи коронавируси COVID-19 бинобар надоштани иҷозатнома мумкин нест, гуфт ба «Азия-Плюс» сардори Хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ Наврӯз Ҷаъфаров.

Ба гуфтаи вай, раванди эмгузаронӣ алайҳи коронавируси COVID-19 дар беморхонаҳои хусусии Тоҷикистон ҳанӯз ба роҳ монда нашудааст, «зеро дар литсензияҳои клиникаҳои хусусӣ дар Тоҷикистон айни замон чунин фаъолиятҳо пешбинӣ нашудаанд, аз ин рӯ, муассисаҳои тиббии хусусӣ ҳанӯз ҳуқуқ надоранд эм зидди бемории коронавирус гузаронанд. Ва имкон аст, вақте онро ба дасти клиникахои шахсӣ медиҳанд, хизматрасонӣ пулакӣ шавад».

Ҷаъфаров афзуд, ки то ҳол дар беморхонаҳои хусусии Тоҷикистон ваксина алайҳи коронавирус мавҷуд нест ва  Вазорати тандурустӣ истифодаи ваксина дар клиникаҳои хусусиро тасдиқ ва иҷозат надодааст.

Бояд гуфт, ки дар доираи барномаи COVAX рӯзи 8 март аз Ҳиндустон ба Душанбе 192 ҳазор вояи ваксинаи COVISHIELD оварда шуд. Ин як ваксинаи муштаракан коркардшудаи шведиву бритониёӣ Oxford-AstraZeneca буда дар Ҳиндустон истеҳсол мешавад ва дар Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) таҳти унвони CoviShild сабти ном шудааст.

Ҷараёни иммунизатсия (ваксиназанӣ) бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон аз 22 март оғоз гардид. Дар ин мавриди қарори дахлдори президенти Тоҷикистон низ ба тасвиб расид, ки мутобиқи он иммунизатсияи шаҳрвандони кишвар марҳила ба марҳила байни гурӯҳи осебпазири аҳолӣ гузаронида мешавад.

Тоҷикистон то ба ҳол бо як навъи ваксина AstraZeneca таъмин карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон ният доранд, ки ваксинаи “Спутник”-и Русия ва «CoronaVac»-и Чинро сабти ном кунанд. Ва интихоби ваксинаҳо бо хоҳиши шаҳрвандон сурат гирфта ва гузаронида мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.