Даргузашти Иқбол Тешаев, сухангӯйи ҳукумати шаҳри Исфара

Субҳи имрӯз Иқбол Тешаев, сухангӯйи ҳукумати шаҳри Исфара ва яке аз рӯзноманигорони фаъол дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар сини 51-солагӣ бар асари беморие, ки дошт даргузашт. Дар ин бора наздикону пайвандони марҳум хабар додаанд. Иқбол Тешаев солҳи ахир ба унвони сухангӯйи ҳукумати шаҳри Исфара дар баҳсҳои марзӣ бо кишвари ҳамсояи Қирғизистон хеле фаъол буданд. […]

Asai-Plus

Субҳи имрӯз Иқбол Тешаев, сухангӯйи ҳукумати шаҳри Исфара ва яке аз рӯзноманигорони фаъол дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар сини 51-солагӣ бар асари беморие, ки дошт даргузашт. Дар ин бора наздикону пайвандони марҳум хабар додаанд.

Иқбол Тешаев солҳи ахир ба унвони сухангӯйи ҳукумати шаҳри Исфара дар баҳсҳои марзӣ бо кишвари ҳамсояи Қирғизистон хеле фаъол буданд. Ҳамчунин аз марҳум ба унвони яке аз дастрастарин сухангӯёни ҳукуматҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон ном бурда мешуд. 

Намози ҷанозаи марҳум, имрӯз дар зодгоҳаш, деҳаи Ворухи шаҳри Исфара баъд аз намози аср баргузор мешавад.

Иқбол Тешеав хатмкардаи риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд ва дар шаҳри Исфара ҳамчунин як маҷаллаеро бо номи "Ганҷи Исфара" таъсис карда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.