Сафари расмии вазири мудофиаи Тоҷикистон ба Эрон

Имрӯз, 5 апрел сафари расмии вазири мудофиаи Тоҷикистон ба Эрон оғоз мешавад. Дар ҷараёни сафари генерал-полковник Шералӣ Мирзо ба Теҳрон масоили тавсеъаи ҳамкориҳои ду кишвар дар самти ҳарбиву техникӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. ДарТеҳрон дидору гуфтушуниди вазири мудофиаи Тоҷикистон бо раҳбарияти сиёсӣ ва ҳарбии Эрон ба нақша гирифта шудааст, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Имрӯз, 5 апрел сафари расмии вазири мудофиаи Тоҷикистон ба Эрон оғоз мешавад. Дар ҷараёни сафари генерал-полковник Шералӣ Мирзо ба Теҳрон масоили тавсеъаи ҳамкориҳои ду кишвар дар самти ҳарбиву техникӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

ДарТеҳрон дидору гуфтушуниди вазири мудофиаи Тоҷикистон бо раҳбарияти сиёсӣ ва ҳарбии Эрон ба нақша гирифта шудааст, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ полковник Фаридун Маҳмадализода.

Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо сатҳи ҳамкориҳоро дар соҳаҳои омодагии кадрҳо, баргузории тамринҳои муштараки низомӣ, табодули маълумот, омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар ва дигар бахшҳо баррасӣ мекунанд.

“Ба амалҳои муштараки ду кишвар дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд”, – зикр кард манбаъ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.