СММ ба Тоҷикистон зиёда аз $363 млн кумак мекунад

Агентиҳои низоми СММ давоми ду сол ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 363 млн доллар кумаки молиявӣ мерасонанд. “Буҷети Барномаи қолабии СММ оид ба расонидани кумак барои рушд дар Тоҷикистон (ЮНДАФ) ҷиҳати маблағгузорӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ в иҷтимоӣ зиёда аз 363 млн долларро ташкил медиҳад”, – омадааст дар иттилоияи расмии Вазорати рушди иқтисод ва […]

Агентиҳои низоми СММ давоми ду сол ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 363 млн доллар кумаки молиявӣ мерасонанд.

“Буҷети Барномаи қолабии СММ оид ба расонидани кумак барои рушд дар Тоҷикистон (ЮНДАФ) ҷиҳати маблағгузорӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ в иҷтимоӣ зиёда аз 363 млн долларро ташкил медиҳад”, – омадааст дар иттилоияи расмии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ оид ба натиҷаҳои ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба Нақшаи кории муштараки ЮНДАФ барои солҳои 2021-2022.

Ин ҷаласа рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо ва намояндагони агентиҳои СММ баргузор шуд.

Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқи Завқизода гуфт, раҳбарияти кишвар самтҳои афзалиятноки рушди соҳаҳои иқтисоди миллиро барои соли 2021 ва ҳафт соли минбаъда муайян намуд.

Зикр шуд, ки давоми солҳои 2016-2020 рушди миёнасолонаи ММД дар сатҳи на кам аз 7 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми ММД 1,6 маротиба зиёд шуд.

“Сатҳи камбизоатӣ аз 31,3 фоиз то 26,3 фоиз коҳиш дода шуда, тибқи арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ аз рӯи суръати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ Тоҷикистон ба қатори 10 кишвари пешсафи ҷаҳонӣ ворид гардид. Даромадҳои пулии аҳолӣ 1,9 маротиба ва шумораи соҳибкорон 1,6 маротиба афзоиш ёфтанд. Ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷӣ аз 20 то 31 фоиз зиёд ва ҳиссаи воридот аз 80 то 69 фоиз кам гардид”, – иброз дошт Завқизода.

Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2020 ҳукумат Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии бемории сироятии коронавирус COVID-19 дар ҷаҳон ба иқтисодиёти миллӣ таҳия ва қабул кард.

“Дар натиҷа дар соли 2020 9,7 фоиз афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ 8,8 ва содирот дар ҳаҷми 19,8 фоиз заминаи рушди иқтисоди кишварро дар сатҳи 4,5 фоиз ба вуҷуд овард”, – гуфт вазир.

Зимнан зикр шуд, ки инчунин дар соли 2020 афзоиши истеҳсоли маҳсулоти озуқа ба 28,3 фоиз нисбат ба соли 2019-ум ба беҳтар таъмин гардидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мусоидат намуд.

“Ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ дар ҳаҷми умумии беш аз 5,4 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 1,3 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шуд”, – таъкид дошт Завқизода.

Гуфта мешавад,  Агентиҳои СММ ба дастгирии минбаъдаи рушди Тоҷикистон изҳори омодагӣ карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.