Имрӯз «Тоҷиктрансгаз» як қисмате аз қарзҳои ҳамтоҳои ӯзбеки худро пардохт карданист

Душанбе. 2-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз ҶСК «Тоҷиктрансгаз» як қисмате аз қарзҳои худро барои истифодаи гази табиӣ ба «Узтрансгаз» пардохт карданист. Чӣ тавре ки мудири кулли ҶСК «Тоҷиктрансгаз» Саидмаҳмад Шарофиддинов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, имрӯз ширкати «Барқи тоҷик» аз 9 млн. $ қарзи доштааш дар назди «Тоҷиктрансгаз» 3 млн. долларашро пардохт мекунад ва […]

Виктория Наумова


Душанбе. 2-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз ҶСК «Тоҷиктрансгаз» як қисмате аз қарзҳои худро барои истифодаи гази табиӣ ба «Узтрансгаз» пардохт карданист.




Чӣ тавре ки мудири кулли ҶСК «Тоҷиктрансгаз» Саидмаҳмад Шарофиддинов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, имрӯз ширкати «Барқи тоҷик» аз 9 млн. $ қарзи доштааш дар назди «Тоҷиктрансгаз» 3 млн. долларашро пардохт мекунад ва ин имкон додааст, то қисмате аз қарз бо «Узтрансгаз» ҳисоббаробарӣ карда шавад. «Феълан қарзи мо дар назди «Узтрансгаз» ба 15 млн. $ баробар аст», – гуфт ӯ.



Дар мавриди ҳаҷми гази воридотӣ ба ҷумҳурӣ С.Шарофиддинов гуфт, айни замон дар як соат ба Тоҷикистон аз кишвари ҳамсоя 24 ҳазор метри мукааб гази табиӣ интиқол дода мешавад, ки дар байни аҳолӣ, корхонаҳои «Талко», «Тоҷиксемент» ва нуқтаҳои фурӯши газ тақсим карда мешавад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова