Рӯзи нишасти Истанбул маълум шуд:сарнавишти сиёсии Афғонистон рақам мехӯрад?

Замони баргузории нишасти музокироти сулҳи Афғонистон дар Истанбули Туркия эълон шуд. Созмони милали Муттаҳид, Туркия ва Қатар дар як эъломияи муштарак эълон карданд, ки ин нишаст 24 апрел оғоз мешавад ва то 4 моҳи май идома хоҳад кард.  Ин эъломияро Вазорати корҳои хориҷии Туркия, ки мизбони ин нишаст аст, нашр кардааст. Дар ин эъломия омадааст, […]

Asia-Plus

Замони баргузории нишасти музокироти сулҳи Афғонистон дар Истанбули Туркия эълон шуд. Созмони милали Муттаҳид, Туркия ва Қатар дар як эъломияи муштарак эълон карданд, ки ин нишаст 24 апрел оғоз мешавад ва то 4 моҳи май идома хоҳад кард. 

Ин эъломияро Вазорати корҳои хориҷии Туркия, ки мизбони ин нишаст аст, нашр кардааст. Дар ин эъломия омадааст, ки нишасти Истанбул дар сатҳи баланд ва фарогир миёни намояндагони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва "Толибон" баргузор мешавад.

Баргузоркунандаи ин нишаст, ҳадафи онро суръат бахшидани раванди сулҳи Афғонистон, такмили музокироти байнулафғонии Давҳа ва дастёбӣ ба як тавофуқи сиёсии одилонаву пойдор унвон кардааст.

Нишасти Истанбул, ки бо сарпарастии Созмони миллаи Мутаҳид баргузор мешавад, баландтарин сатҳи музокироти сулҳи Афғонистон гуфта мешавад, ки бо подармиёнии ИМА сурат мегирад. Бархе аз коршиносон ва чеҳраҳои сиёсии Афғонистон ин нишастро шабеҳ ба нишасти Бони Олмон медонанд, ки дар он қудрат аз Бурҳониддин Раббонӣ ба як идораи муваққат таҳти раёсати Ҳомид Карзай интиқол шуд.  

Хабарҳо дар бораи ин нишаст замоне расонаӣ шуд, ки гуфтугӯҳо миёни тими музокиракунандаи Афғонистон бо ҳайати "Толибон" дар Давҳаи Қатар ба бунбаст мувоҷеҳ шуд. 

Давлати Ҷо Байден баъди сари кор омадан тавассути Зулмай Халилзод намояндаии вижааш барои сулҳи Афғонистон тарҳе наверо фиристод ва гуфт, ки тарафҳои сулҳи Афғонистон бояд бар сари он тавофуқ кунанд.

Ҳамчунин Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон низ чанд рӯз қабл пешнависи тарҳи сулҳи давлатро дар ду гузина пешниҳод намуд, ки низоми сиёсии Афғонистонро низоми садоратӣ пешбинӣ мекунад. Ин тарҳ ба ташкили як ҳукумати интиқолӣ ишора мекунад, ки замони кораш то се сол гуфта мешавад.

Бино ба ин пешнавис ҳукумати интиқолии сулҳ шомили қуваҳои иҷроия, додгоҳӣ, Шӯрои милӣ ва Шӯрои фиқҳи исломӣ, Шӯрои олии давлат ва Комиссияи таъдили Қонуни Асосӣ мебошад. Дар бахши қуваи иҷроияи ин пешнавис омадааст, ки ин бахш шомили раисҷумҳур бо чор муовинаш, ки яке аз онҳо зан бошад ва нахуствазир, ки чор муовин бо шумули як зан дорад иборат аст. 

Эълони баргузории нишасти Истанбул дар ҳолест, ки дирӯз рӯзномаи "Вошингтон Пост" навишт, ки ҳукумати Ҷо Байден эълон ният дорад тамоми неруҳои низомии ин кишварро то 11-уми моҳи сентябр аз Афғонистон берун мекашад.  

Аммо расонаҳои Афғонистон менависанд, ки то кунун гуруҳи "Толибон" дар мавриди ҳузурашон дар нишасти Истанбул расман чизе нагуфтаанд. 

Ҳамчунин то кунун номи афроди шомил дар ҳайати давлати Афғонистон дар ин нишаст расонаӣ нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.