Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ОМ ва Чин моҳи май дар Шэнси вомехӯранд

Ба манзури омодагӣ ба нишасти дуюми вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ (ИМ) – Чин 13 апрел мулоқоти маҷозии муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин барпо шуд. Бино ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, ҷониби Тоҷикистонро дар ин мулоқот Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода намояндагӣ кард. Гуфта мешавад, ҷонибҳо пиромуни раванди тадорукот […]

Ба манзури омодагӣ ба нишасти дуюми вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ (ИМ) – Чин 13 апрел мулоқоти маҷозии муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин барпо шуд.

Бино ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, ҷониби Тоҷикистонро дар ин мулоқот Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода намояндагӣ кард.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо пиромуни раванди тадорукот ба баргузории вохӯрии навбатӣ табодули афкор намуда, пешнависи санадҳои барои муҳокима пешниҳодшударо мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ВКХ Тоҷикистон хабар дод, баргузории нишасти дуюми вазирони корҳои хориҷии механизми “Осиёи Марказӣ – Чин” нимаи моҳи май дар музофоти Шэнсии Чин ба нақша гирифта шудааст.

Нишасти аввали вазирони корҳои хориҷии механизми “Осиёи Марказӣ – Чин” дар шакли маҷозӣ 16 июли соли гузашта доир гардид. Дар кори он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Муҳриддин иштирок карда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.