Ҷо Байден ба Путин занг зад ва гуфт биё вохӯрем

Президенти ИМА Ҷо Байден рӯзи 13 апрел бо президенти Русия Владимир Путин гуфтугӯ кард. Ду президент масоили минтақавиву байналхалқӣ, аз ҷумла муносибатҳои ИМА бо Русияро баррасӣ карданд. Тавре Бахши хабарии Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳад, Байден гуфтааст, ки ИМА дар ҳифзи истиқлол ва тамомияти арзии Украина мавқеи устувор дорад. Вай ҳамчунин аз афзоиши ҳузури низомиёни рус […]

Президенти ИМА Ҷо Байден рӯзи 13 апрел бо президенти Русия Владимир Путин гуфтугӯ кард. Ду президент масоили минтақавиву байналхалқӣ, аз ҷумла муносибатҳои ИМА бо Русияро баррасӣ карданд.

Тавре Бахши хабарии Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳад, Байден гуфтааст, ки ИМА дар ҳифзи истиқлол ва тамомияти арзии Украина мавқеи устувор дорад. Вай ҳамчунин аз афзоиши ҳузури низомиёни рус дар марз бо Украина изҳори нигаронӣ карда, аз Русия даъват кардааст, ки шиддатро коҳиш диҳад.

Хабари гуфтугӯи телефонии Путин бо Байднеро сомонаи Кремл низ нашр кардааст. Дар сомона гуфта шудааст, ки ин гуфтугӯ бо ташаббуси ҷониби Амрико сурат гирифтааст. Ба иттилои Кремл, Байден ба президенти Русия пешниҳод кардааст, ки дар фурсатҳои наздик мулоқот кунанд.

Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия ба “Коммерсант” дар мавриди даъвати Байден изҳор доштааст, ки пешниҳод дар бораи вохӯрии сарони кишварҳои Русия ва ИМА “мавриди омӯзиш қарор мегирад”.

Қобили зикр аст, ки пас аз нашри хабар дар бораи занги Байден ба Путин қурби рубли русӣ нисбат ба доллар ва евро ба таври назаррас мустаҳкам шуд. Ҳамагӣ баъди ним соати нашри иттилоияи расмии Кохи Сафед қурби рубл нисбат ба доллар ба андозаи 1,53 рубл боло рафт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.