Иркутск-Кӯлоб: як ширкати дигари Русия низ барои мусофиркашонӣ аз Тоҷикистон иҷоза гирифт

Ширкати ҳавопаймоии "Сибир" S7 Airlines барои анҷоми парвозҳо аз Иркутски Русия ба шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон ва баръакс иҷозатнома дарёфт кардааст. Дар ин бора Оҷонсии федералии ҳавонавардии Русия хабар медиҳад. Санаи парвози аввал ва теъдоди парвозҳо ҳанӯз маълум нест. Ҳамзамон, таъкид мешавад, ки Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ ба ин ширкат парвозҳо ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлонро […]

Asiz-Plus

Ширкати ҳавопаймоии "Сибир" S7 Airlines барои анҷоми парвозҳо аз Иркутски Русия ба шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон ва баръакс иҷозатнома дарёфт кардааст. Дар ин бора Оҷонсии федералии ҳавонавардии Русия хабар медиҳад.

Санаи парвози аввал ва теъдоди парвозҳо ҳанӯз маълум нест.

Ҳамзамон, таъкид мешавад, ки Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ ба ин ширкат парвозҳо ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлонро иҷоза надодааст.

Тасмими додани иҷоза ба маънои аз сар гирифтани парвозҳои байналмилалӣ дар ин масир нест, ишора шудааст дар дастури дарёфти иҷоза. Гуфта шудааст, ки дар сурати барқарор шудани парвозҳо ин ширкат метавонад ин парвозро дар ин хатсайр анҷом диҳад. 

Ёдовар мешавем, ки Русия парвози ҳавоӣ бо Тоҷикистонро дар авоили моҳи апрел барқарор кард.

Дар ҳоли ҳозир, парвозҳои мунтазам байни Русия ва Тоҷикистон тавассути хатсайри Душанбе-Маскав ва бозгашт бо теъдоди ду парвоз дар як ҳафта анҷом дода мешаванд – як парвоз тавассути "UTair", як парвоз тавассути ширкати "Сомон Эйр".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.