Дар Душанбе намояндагии Маркази муҳоҷирати Маскав боз мешавад

Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Тоҳир Каримзода бо директори генералии Департаменти буҷети давлатии «Маркази муҳоҷират»- и шаҳри Москва Сергей Балдин мулоқот кард. Тавре дафтари матбуоти Хадамот иттилоъ медиҳад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи ифтитоҳи маркази муҳоҷирати пойтахти Русияро дар Тоҷикистон баррасӣ карданд. Гуфта мешавад, Сергей Балдин мухтасар дар бораи фаъолияти маркази […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Тоҳир Каримзода бо директори генералии Департаменти буҷети давлатии «Маркази муҳоҷират»- и шаҳри Москва Сергей Балдин мулоқот кард.

Тавре дафтари матбуоти Хадамот иттилоъ медиҳад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи ифтитоҳи маркази муҳоҷирати пойтахти Русияро дар Тоҷикистон баррасӣ карданд.

Гуфта мешавад, Сергей Балдин мухтасар дар бораи фаъолияти маркази муҳоҷират, аз ҷумла вазифаҳои намояндагии Марказ дар мавриди дар Тоҷикистон паҳн кардани маълумот дар бораи ҷойҳои кории холӣ дар Маскав ва огоҳ кардани корфармоёни Маскав дар бораи мавҷудияти мутахассисони дорои тахассуси зарурӣ маълумот дод.

Зикр шуд, ки ташкили мусоҳибаҳои онлайн ва баҳодиҳии малакаҳои касбии муҳоҷирони меҳнатӣ; тафтиши имкони вуруд ба қаламрави Русия ва амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ; машварат додани муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба масъалаҳои шуғл; тартиби додани иҷозатнома барои кор, қоидаҳои будубош дар Маскав бо шумули назардошти маҳдудиятҳои марбут ба пандемия; назорати вуруди муҳоҷирон ба Русия, аз ҷумла мавҷудияти ҳуҷҷати тиббӣ оид ба тасдиқи натиҷаи санҷиши COVID-19 низ аз ҷумлаи вазифаҳои намояндагии Марказ ба шумор мераванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.