Шиддати болоравии нарху таърифаҳо дар Тоҷикистон. Чӣ аз ҳама бештар қимат шуд?

Нарху тарифҳои истеъмолӣ дар Тоҷикистон моҳи марти соли 2021 ба андозаи 1,8% боло рафтанд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ. Аз ҷумла маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 2,4%, маҳсулоти ғайриозуқа – 1,2% ва хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ – 1,1% гарон шуданд. Дар маҷмӯъ семоҳаи аввал сатҳи таваррум 3,3%-ро ташкил дод. Нархи маҳсулоти ғизоӣ ба миқдори […]

Нарху тарифҳои истеъмолӣ дар Тоҷикистон моҳи марти соли 2021 ба андозаи 1,8% боло рафтанд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ.

Аз ҷумла маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 2,4%, маҳсулоти ғайриозуқа – 1,2% ва хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ – 1,1% гарон шуданд.

Дар маҷмӯъ семоҳаи аввал сатҳи таваррум 3,3%-ро ташкил дод. Нархи маҳсулоти ғизоӣ ба миқдори 4,4%, маҳсулоти ғайриозуқа – 2,4% ва хизматрасонизои пулакӣ ба аҳолӣ – 1,3 боло рафт.

Семоҳаи аввали соли 2020 мизони таваррум 2,6%-ро ташкил дода буд, яъне ба андозаи 0,7% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли равон.

Чӣ аз ҳама зиёдтар қимат шуд?

Аз маҳсулоти хӯрокворӣ давоми се моҳи имсол аз ҳама бештар назаррас нархи картошка (30,4%), сабзавот (23,4%), шакару равған ва чарбу (7,5% ҳар кадоме), гӯшт (4,3%), мева (3,6%), шир ва маҳсулоти ширӣ (0,8%) зиёд шуд.

Болоравии арзиши маҳсулоти ғайриозуқа бештар дар бензин (18,2%), гази моеъ (7,8%) ва сӯзишвории дизелӣ (7,4%) ба мушоҳида расид.

Арзиши тарифҳо ба хизматрасонии пулакӣ аз ҳисоби гароншавии роҳкирои нақлиёти мусофирбар (1,5%) ва хизматрасониҳои маишӣ (1,2%) боло рафт.

Ёдрас мекунем, ки соли 2020 дар ҷумҳурӣ нишондиҳандаи рекордии сатҳи таваррум тайи даҳ соли ахир – 9,4% ба қайд гирифта шуд.

Нишондиҳандаи ҳадафноки таваррум барои соли 2021 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) пешбинӣ шудааст. Дар соли 2020 низ аз ҳамин сатҳи таваррум интизорӣ мерафт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.