Дар кадом кишварҳои ҷаҳон тилло аз ҳама зиёдтар аст?

Байни 132 кишвари саросари ҷаҳон Тоҷикистон аз лиҳози нишондиҳандаи захираҳои давлатии тилло зинаи 62-юмро ишғол мекунад. Дар ин бора Шӯрои ҷаҳонӣ оид ба тилло (World Gold Council) хабар медиҳад. Захираи тиллои ҷумҳурӣ ба аввали соли ҷорӣ 17,2 тоннаро ташкил додааст, ки 2,1 тонна камтар нисбат ба аввали соли 2020 – 19,3 тонна аст. Тиллои монетарӣ […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Байни 132 кишвари саросари ҷаҳон Тоҷикистон аз лиҳози нишондиҳандаи захираҳои давлатии тилло зинаи 62-юмро ишғол мекунад. Дар ин бора Шӯрои ҷаҳонӣ оид ба тилло (World Gold Council) хабар медиҳад.

Захираи тиллои ҷумҳурӣ ба аввали соли ҷорӣ 17,2 тоннаро ташкил додааст, ки 2,1 тонна камтар нисбат ба аввали соли 2020 – 19,3 тонна аст.

Тиллои монетарӣ – тилло дар шакли танга, сабика ё пластин мебошад, ки аз омехтаҳо поккорӣ шуда, аз 995 то 1000 дараҷа тозагӣ доранд. Металли сабикашуда бояд ба талаботи меъёри ҷаҳонии «Good Delivery» ҷавобгӯ бошад. Маъмулан дар ихтиёри бонкҳои марказӣ ё/ва вазоратҳои молияи кишварҳои ҷаҳон қарор дорад.

Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон захираҳои бештари тилло дорад, ки ба 387,9 тонна баробар буда, дар раддабандӣ мақоми 14-умро касб кардааст. Тайи соли ахир ба Қазоқистон муясссар шуд, ки захираҳои тиллои худро ба миқдори 2,4 тонна зиёд кунад.

Ӯзбекистон бо 332,5 тонна захираи тилло дар зинаи 16-ум ва Қирғизистон бо 16,8 тонна дар мақоми 63-юм ҷойгир шудаанд. Соли 2020 захираҳои тиллои Ӯзбекистон ба миқдори 3,4 тонна кам шуда, захираҳои Қирғизистон баръакс 2,4 тонна зиёд шудаанд. Дар бораи Туркманистон маълумот оварда нашудааст.

Тибқи маълумоти World Gold Council, то аввали соли 2021 ҳаҷми умумии захираи тилло дар ҷаҳон 35,244 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Ин маълумот ҳар семоҳа навсозӣ мешавад.

10-гонаи аввали кишварҳои дорои захираи зиёди тилло

То аввали соли 2021 захираи тилло аз ҳама зиёдтар дар ИМА – беш аз 8,1 ҳазор тонна ба қайд гирифта шудааст, ки ба 23% аз ҳаҷми умумии захираҳои тилло дар саросари дунё баробар аст.

Ба 10-гона (ТОП-10)-и аввали кишварҳои дорои захираҳои зиёди тилло давлатҳои зерин низ шомиланд: Олмон, Италия, Фаронса, Русия, Чин, Швейтсария, Ҷопон, Ҳиндустон, Нидерланд.  Ба ин 10 кишвар зиёда аз 67% аз ҳаҷми умумии захираҳои тилло дар ҷаҳон рост меояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.