Зиёда аз 500 мусофир дар фурудгоҳи Кӯлоб мунтазири иҷозаи парвозанд

Date:

Бо сабаби боздошти иҷрои парвозҳо тариқи хатсайрҳои ширкати ҳавопаймоии Сибирь” зиёда аз 500 нафар мусофир дар фурудгоҳи Кӯлоб дармондаанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз намояндагии ин ширкат.

“Агентии авиатсияи гражданӣ бо сабабҳои номаълум дар лаҳзаҳои охир иҷрои парвозҳои моро боздошт”, – гуфт ба “Азия-Плюс” муовини директори намояндагии ширкати “Сибирь” Ҷӯрабек Тоҷибеков.

Ба гуфтаи ӯ, ширкати ҳавопаймоии “Сибирь” аз Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб ба шаҳрҳои Владивосток, Новосибирск, Саратов, Барнаул ва Волгоград парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Фурудгоҳи Кӯлоб

“Нархи билетҳои мо аз арзиши мувофиқашуда бо Агентӣ зиёд нест. Лекин масалан, имрӯз, 21 май парвози ҳавопаймоҳои ширкати мо ба самти Кемерово, Волгоград ва Барнаул аз фурудгоҳи Кӯлоб боздошта шудааст. Ҳавопаймо ба Кемерово бояд субҳи дирӯз соати 9 парвоз мекард”, – иброз дошт Тоҷибеков.

Айни замон ба қавли номбурда, дар фурудгоҳи Кӯлоб зиёда аз 500 нафар мусофир иҷрои парвозро бо хатсайри худ интизоранд.

“Рӯзҳои охир иҷрои парвоз боз тариқи якчанд хатсайр боздошт шуда, лекин мо мусофиронро ба дигар хатсайрҳо гузаронидем. Чанд рӯз пеш Агентӣ ба ширкат мактуб фиристода, дархост намуд, ки ҳадди ниҳоии нархи билет 500 доллар муқаррар шавад”, – мегӯяд намояндаи ширкат.

Ёдрас мекунем, ки Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ аз 11 май парвози ширкатҳои «Северный ветер» ва «Сибирь»-ро боздошта, инро ба зиёд будани нархи билетҳо маънидод кард.

Чанд рӯз пеш Агентӣ ба таври истисно ба ширкатҳо иҷоза дод, ки барои бурдани мусофирони аллакай билетдошта аз фурудгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд парвозҳоро анҷом диҳанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Мусофирон дар фурудгоҳи Хуҷанд

Он вақт дар Агентӣ изҳор дошта буданд, ки танҳо дар сурати аз ҷониби ширкатҳо муқаррар шудан нархи қаблан мувофиқашуда, ба барқарор гардидани парвозҳо иҷоза медиҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...