Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро дар истеҳсоли электроэнергияи тоза дастгирӣ мекунад

Ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Анна Берде изҳор дошт, ки ин ниҳод ба идомаи дастгирии талошҳои Тоҷикистон дар истифодаи манбаъҳои бештар тоза ва барқароршавандаи энергия омода аст. Аз рӯйи натиҷаҳои сафар ба ҷумҳурӣ ӯ гуфт, Тоҷикистон дар истеҳсол ва содироти энергияи тозаи барқароршаванда имконоти назаррас дорад. Сармоягузории ҷории Бонки ҷаҳонӣ […]

Ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Анна Берде изҳор дошт, ки ин ниҳод ба идомаи дастгирии талошҳои Тоҷикистон дар истифодаи манбаъҳои бештар тоза ва барқароршавандаи энергия омода аст.

Аз рӯйи натиҷаҳои сафар ба ҷумҳурӣ ӯ гуфт, Тоҷикистон дар истеҳсол ва содироти энергияи тозаи барқароршаванда имконоти назаррас дорад.

Сармоягузории ҷории Бонки ҷаҳонӣ ба бахши энергетикаи Тоҷикистон ҳудуди 500 млн долларро ташкил медиҳад.

Ба қавли номбурда, Бонки ҷаҳонӣ ба талошҳо дар таҳкими устувории соҳаи энергетика, бартараф намудани реҷаи маҳдуди мавсимии истифодаи барқ, таъмини боэътимоди дастрасӣ ба барқ ва густариши ба содирот бештар рӯ овардани соҳа мусоидат менамояд.

Қобили зикр аст, ки имконоти гидроэнергетикии Тоҷикистон 527 млрд кВт/соат дар як сол арзёбӣ шуда, айни замон ҳамагӣ 5%-и он истифода бурда мешавад.

Аз рӯйи ин нишондиҳанда Тоҷикистон пас аз Чину Русия, ИМА, Бразилия, Зайир, Ҳиндустон ва Канада зинаи 8-умро ишғол мекунад.

Аз лиҳози имконоти содиротӣ (497 млрд кВт/соат дар як сол) Тоҷикистон пас аз Русия ва Зайир дар мақоми сеюм дар ҷаҳон қарор дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.