Сафири Эрон: Лоиқ аз шахсияҳои барҷаста ва таъсиргузори ним қарни ахири Тоҷикистон буд

Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ зимни як паёми табрикӣ ба муносибати 80-солагии Лоиқ Шералӣ ва Муъмин Қаноат шоирони пуровозаи тоҷик, Лоиқро “аз ҷумлаи шахсиятҳои барҷаста ва таъсиргузор дар арсаҳои фарҳангӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон ва адаби порсӣ дар ним қарни ахир” номидааст. Ӯ дар идомаи паёми табрикияш мегӯяд, ки эшон дар канори бузургоне ҳамчун устод […]

Asia-Plus

Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ зимни як паёми табрикӣ ба муносибати 80-солагии Лоиқ Шералӣ ва Муъмин Қаноат шоирони пуровозаи тоҷик, Лоиқро “аз ҷумлаи шахсиятҳои барҷаста ва таъсиргузор дар арсаҳои фарҳангӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон ва адаби порсӣ дар ним қарни ахир” номидааст.

Ӯ дар идомаи паёми табрикияш мегӯяд, ки эшон дар канори бузургоне ҳамчун устод Муъмин Қаноат, Бозор Собир ва бону Гулрухсори Сафиева аз бунёнгузорони шеъри нав дар Тоҷикистон маҳсуб мешаванд.

“Мавзуъоти меҳварии асарҳои нав ва халлоқонаи ин ҳунарманди тоҷик, бештар дар тавсифи ҷойгоҳи арзишманди ватан, ҳувияту бозгашт ба хештан, худшиносӣ, эҳтиром ба гузаштаи муштараки форсизабонон, суннату таърихи миллӣ мебошад”.

Собирӣ бар ин аст, ки  Лоиқ яке аз авомили муҳимми ҳувияти миллии мардуми тоҷикро ҳифз ва тавсеаи забони порсӣ ва адабиёти ниёгон медонист ва чунин гуфтааст,ки:

Заҳр бодо шири модар бар касе,

К-у забони модари гум кардааст.

Сафири Эрон дар ин паёмӣ видеоӣ як шеъри Лоиқро, ки ба гуфтаи ӯ “ҷойгоҳи Эронро дар қалби порсигуёни Осиёи Марказиро ба зебоӣ баён менамояд” қироат мекунад:

Решаи ман, маншаи аҷдоди ман,

Асли ман, Эрони ман, бунёди ман.

Ҷони мо чун риштаи дубофтаст,

Бофти ман, тору пуди ёди ман.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.