Тоҷикистону Чин масъалаи “контейнерҳо”-ро дар “Қулма” ҳал карданд

Чин ба бозпас гирифтани контейнерҳои холӣ, ки бо онҳо тариқи гузаргоҳи марзии “Қулма” аз Чин ба Тоҷикистон бору маҳсулот оварда мешуд, оғоз намуд. Тавре дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, тартиби мазкур дар асоси Протоколи ҷаласаи сеюми Гурӯҳҳои кории механизми муштарак оид ба пешгирӣ ва назорати эпидемия дар сарҳад байни Тоҷикистон ва Ноҳияи Мухтори […]

Чин ба бозпас гирифтани контейнерҳои холӣ, ки бо онҳо тариқи гузаргоҳи марзии “Қулма” аз Чин ба Тоҷикистон бору маҳсулот оварда мешуд, оғоз намуд.

Тавре дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, тартиби мазкур дар асоси Протоколи ҷаласаи сеюми Гурӯҳҳои кории механизми муштарак оид ба пешгирӣ ва назорати эпидемия дар сарҳад байни Тоҷикистон ва Ноҳияи Мухтори синзян-Уйғури Чин амалӣ мегардад.

Акнун контейнерҳо ба таҳвилгарони тоҷик фурӯхта нашуда, ба шарикони Чин бозпас баргардонида мешавад.

Вазорат ба таваҷҷуҳи интиқолдиҳандагони ватанӣ мерасонад, ки аз 17 майи соли ҷорӣ ҷониби Чин контейрнерҳои холии дар ҳамлу нақли автомобилӣ истифодашавандаро, ки бо бор ба Тоҷикистон оварда шудаанд, бозпас қабул мекунад.

“Дар робита ба маҳдудият ҳангоми паҳншавии бемории ҳамагири  COVID-19 соли   гузашта бо кантейнерҳое, ки  аз Чин ба кишвари мо бор оварда мешуд, бозпас гирифта  намешуданд ва бори навбатиро бо контейнери нав меоварданд, – таъкид мешавад дар хабари Вазорат. – Ҳоло барои бозпас гирифтани онҳо аз интиқолдиҳандагон иҷозат дода  шуд”.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи январи соли гузашта бо сабаби вируси нав сарҳад баста шуд. Баъдан гардиши мол тариқи “Қулма” барқарор шуда, лекин шартҳо тағйир ёфтанд: ба овардани бор то сарҳади Тоҷикистон худи чиниҳо машғул шуданд.

Дар ҳамин ҳол, зимни қабулу интиқоли бор боргирандагони тоҷик бояд алоҳида маблағи контейнерро пардохт мекарданд ва нархи воқеии он ба гуфтаи онҳо, зиёда аз 5 баробар болотар муқаррар мешуд.

Мушкили мазкур охири моҳи апрел дар ҷараёни ҷаласаи Гурӯҳи кории муштарак, ки ба таври маҷозӣ доир гардид, роҳи ҳалли худро ёфт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.