Диловар Гулов, писари Шералӣ Гулро ВКД акнун расман меҷӯяд

Date:

Раёсати корҳои дохилаи Душанбе ахиран Диловар Гулов, писари 25 солаи собиқ вазири энергетикаи Тоҷикистон Гул Шералиро дар пайгарди оммавӣ гузошт. Дар ҷустуҷӯ қарор гирифтани Диловар Гулов дар ҳолест, ки баъди ҳодисае, ки ӯ дар он муттаҳам ба кордкашӣ мешавад, 

Ду писари собиқ вазири энергетикаи Тоҷикистон шоми 16-уми май дар як муноқишае бо истифода аз корд дар тарабхонаи “Сим-Сим”-и пойтахт гумонбар буданд.

Алишер Гулов яке аз писарони Гул Шералӣ, гуфта мешуд дар Суғд боздошт шудаву бародари ӯ Диловар Гулов то имрӯз боздошт нашудааст. Акнун Вазорати корҳои дохили ӯро сар расман ҷустуҷӯ қарор додааст. 

Дар торнамои РВКД-и Душанбе омадааст, ки Гулов Диловар Шералиевич, ки исму насаби дигараш (Шерализода Диловар Шералӣ) зикр шудааст ва санаи таваллудаш 18.04.1996, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошад, ҷӯстуҷӯй дорад. Ӯ қаблан бо ҷурми ҷинояти авбошӣ суд шудааст ва бино ба навиштаи манбаъ боз барои содир намудани ҷинояти навбатии  авбошии гуруҳӣ муттаҳам аст.

РВКД  Гулов Диловарро бар асоси моддаи 237 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гумонбар медонад ва аз рӯзи 19-уми май расман дар пайгард гузоштааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Акси дигаре аз Диловар Гулов, ки РВКД-и Душанбе нашр кардааст

Бародарон Гуловҳо ба он гумонбар дониста мешаванд, ки шоми 16 май дар тарабхонаи “Сим-Сим”-и шаҳри Душанбе ба муноқиша пардохта, дар ҷараёни занозанӣ яке аз онҳо ба мизоҷи тарабхона бо корд зарба задааст. Мақомоти милитсия то ба имрӯз дар бораи маҳз аз ҷониби кадоме аз бародарон бо корд зарба задан маълумоти дақиқ надодааст. Пас аз муноқиша бародарон Гуловҳо ҷойи ҳодисаро тарк кардаанд. Аммо Алишер Гулов рӯзи 17 май дар қаламрави вилояти Суғд боздоштшуда буд.

Мақомоти милитсияи Душанбе аз кулли шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки агар нисбати гумонбаршаванда Гулов Диловар Шералиевич ягон иттилое доранд ба рақамҳои телефони боварии Раёсати ВКД-и Душанбе 221-15-00, 221-00-57, 221-15-42 хабар диҳанд. Илова бар ин шаҳрвандон метавонанд маълумоти худро ба чанд суроғаҳои электронии [email protected]интиқол диҳанд.

Дар ин эълони пулис гуфта мешавад, маълумоти шахсии нафароне, ки дар дастгир кардани Гулов Дилов мусоидат мекунанд, махфӣ нигоҳ дошта мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...