Вазорати нақлиёт ва БОР як лоиҳаи 35 млн доллариро баррасӣ карданд

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ба намояндагони Бонки осиёии рушд (БОР) пешниҳод намуд, ки ба рушди зербинои нақлиётии шаҳри Душанбе таваҷҷуҳ зоҳир созанд. Тавре маркази матбуоти Вазорат хабар медиҳад, 26 май зимни вохӯрӣ бо намояндагони БОР вазир иброз дошт, ки шаҳри Душанбе ба Мегаполиси минтақавӣ табдил ёфтааст ва шумораи истиқоматкунандаи расмӣ дар шаҳр бештар аз […]

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ба намояндагони Бонки осиёии рушд (БОР) пешниҳод намуд, ки ба рушди зербинои нақлиётии шаҳри Душанбе таваҷҷуҳ зоҳир созанд.

Тавре маркази матбуоти Вазорат хабар медиҳад, 26 май зимни вохӯрӣ бо намояндагони БОР вазир иброз дошт, ки шаҳри Душанбе ба Мегаполиси минтақавӣ табдил ёфтааст ва шумораи истиқоматкунандаи расмӣ дар шаҳр бештар аз 900 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Ӯ таъкид дошт, ки дар ин самт аз ҷониби КВД “Шаҳри ҳушманд” лоиҳаи рушди инфрасохтори нақлиёти шаҳрӣ бо назардошти сохтмони роҳравҳои ҳавои дар гузаргоҳҳо, васлу насби камераҳо ва дигар таҷҳизотҳои мушоҳидавӣ дар гузаргоҳҳои пиёдарав, хиёбонҳо ва гулгаштҳо пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаи пешниҳодгардида иборат аз 10 ҷузъ (компонент) буда, маблағи умумии он 35 миллион доллари ИМА-ро ташкил мекунад.

Ҳамчунин вазир зикр кард, ки  ояндаи наздик барои таъмини ҳаракати бемамонияти воситаҳои нақлиёти шаҳрӣ, бехатарии ҳаракат дар роҳ ва гузаргоҳҳо сохтмони 10 пулҳои (эстакада) се сатҳа зарур мебошад.

Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёт, ҳамкориҳои Вазорати нақлиёт бо БОР аз соли 2000 оғоз гардида дар ин давра 12 лоиҳа бо дастгирии Бонк татбиқ карда шуданд. Ҳиссаи маблағи ҷалбшудаи Бонк 434,4 миллион долларро ташкил медиҳад.

Айни замон аз ҳисоби кумаки молиявии БОР ду лоиҳа мавриди амалишавӣ қарор дорад: барқарор намудани роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар (ҳиссаи БОР – 157,2 млн доллар) ва сохтмони роҳи Обигарм-Нуробод (110 млн доллар).

Ғайр аз ин, моҳи ноябри соли гузашта БОР маблағгузориро дар ҳаҷми 67,5 млн доллар) барои сохтмони роҳи мошингарди Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт ва Бохтар-Данғара тасдиқ кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.