Хуҷанд: тақдими ройгони нахустин санади расмӣ ба 80 кӯдак

Date:

1 июн – дар ҷашни Рӯзи байнулмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ба 80 нафар кӯдакон, аз ҷумла тифлони навзод аз оилаҳои камбизоат ройгон шаҳодатномаҳои таваллуд ва дигар санадҳои расмӣ тақдим шуд.

Чорабиниии тантанавиро шуъбаи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ, ЗАГС)-и шаҳри Хуҷанд созмон дода, он аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дастгирӣ ёфт.

Бо ибтикори шуъбаи САҲШ-и шаҳри Хуҷанд барномаи консертӣ низ намоиш дода шуд.

ГАЛЛЕРЕЯ (5)





Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд, зимни чорабинӣ таъкид шудааст, ки чунин амалҳои хайрхоҳона дар оянда низ идома дода мешавад.

Ин рӯз дар ҳамаи муассисаҳои кӯдаконаи шаҳру навоҳии вилояти Суғд низ чорабиниҳои идона баргузор шуданд.

Чорабиниҳои асосӣ ба муносибати Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон дар Боғи фарҳангу истироҳати “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Хуҷанд доир гардид.

Дар ин ҷо бо иштироки тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ барномаи консертӣ намоиш дода шуда, мусобиқаҳои варзишӣ ва дигар барномаҳои фароғатӣ баргузор шуданд.

Ба ғолибони намоишгоҳи ҳунармандон, “Нозири навраси ҳаракат дар роҳ”, “Ватандӯст”, озмунҳои “"Беҳтарин роҳбари маҳфил", "Рассоми беҳтарин" ва "Ихтироъкори беҳтарин" роҳхатҳо ба истироҳатгоҳҳо (лагерҳо) барои кӯдакон супурда шуд.

ГАЛЛЕРЕЯ (12)












Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...