Хуҷанд: тақдими ройгони нахустин санади расмӣ ба 80 кӯдак

1 июн – дар ҷашни Рӯзи байнулмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ба 80 нафар кӯдакон, аз ҷумла тифлони навзод аз оилаҳои камбизоат ройгон шаҳодатномаҳои таваллуд ва дигар санадҳои расмӣ тақдим шуд. Чорабиниии тантанавиро шуъбаи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ, ЗАГС)-и шаҳри Хуҷанд созмон дода, он аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дастгирӣ ёфт. Бо ибтикори шуъбаи САҲШ-и шаҳри […]

1 июн – дар ҷашни Рӯзи байнулмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ба 80 нафар кӯдакон, аз ҷумла тифлони навзод аз оилаҳои камбизоат ройгон шаҳодатномаҳои таваллуд ва дигар санадҳои расмӣ тақдим шуд.

Чорабиниии тантанавиро шуъбаи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ, ЗАГС)-и шаҳри Хуҷанд созмон дода, он аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дастгирӣ ёфт.

Бо ибтикори шуъбаи САҲШ-и шаҳри Хуҷанд барномаи консертӣ низ намоиш дода шуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд, зимни чорабинӣ таъкид шудааст, ки чунин амалҳои хайрхоҳона дар оянда низ идома дода мешавад.

Ин рӯз дар ҳамаи муассисаҳои кӯдаконаи шаҳру навоҳии вилояти Суғд низ чорабиниҳои идона баргузор шуданд.

Чорабиниҳои асосӣ ба муносибати Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон дар Боғи фарҳангу истироҳати “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Хуҷанд доир гардид.

Дар ин ҷо бо иштироки тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ барномаи консертӣ намоиш дода шуда, мусобиқаҳои варзишӣ ва дигар барномаҳои фароғатӣ баргузор шуданд.

Ба ғолибони намоишгоҳи ҳунармандон, “Нозири навраси ҳаракат дар роҳ”, “Ватандӯст”, озмунҳои “"Беҳтарин роҳбари маҳфил", "Рассоми беҳтарин" ва "Ихтироъкори беҳтарин" роҳхатҳо ба истироҳатгоҳҳо (лагерҳо) барои кӯдакон супурда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.