Обуҳавошиносон аз гармии то 45 дараҷа ҳушдор медиҳанд

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар давраи рӯзҳои аз 3 то 5 июни соли ҷорӣ дар ноҳияҳои дар водӣ воқеъбудаи ҷумҳурӣ баландшавии ҳарорати ҳаво то 36+410,  дар ноҳияҳои ҷаннубӣ то 42+450 аз эҳтимол дур нест. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентӣ, шабонарӯзи наздик дар ноҳияҳои алоҳидаи вилоятҳои Суғд ва Хатлон шамол бо шиддатнокии то […]

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар давраи рӯзҳои аз 3 то 5 июни соли ҷорӣ дар ноҳияҳои дар водӣ воқеъбудаи ҷумҳурӣ баландшавии ҳарорати ҳаво то 36+410,  дар ноҳияҳои ҷаннубӣ то 42+450 аз эҳтимол дур нест.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентӣ, шабонарӯзи наздик дар ноҳияҳои алоҳидаи вилоятҳои Суғд ва Хатлон шамол бо шиддатнокии то 15-20м/с вазида, дар ноҳияҳои ҷанубӣ ба амал омадани чангу ғубор пешгӯйӣ мешавад.

Рӯзҳои гармӣ дар шаҳри Душанбе  бо сабаби омилҳои  метеорологӣ,  ҳарорати ҳавои баланд, ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера, хусусан  аз моддаҳои муалақ (чанг)  ва зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) дар назар дошта шудааст. Ҳарорат дар пойтахт ин рӯзҳо 38-40 дараҷа гарм мешавад.

Рӯзҳои 2 то 4 июн дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ба амал омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта аз эҳтимол дур нест.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба сокинону меҳмонони ҷумҳурӣ тавсия медиҳад, ки  ҳушёриро аз даст надода, ба хотири пешгирии ҳодисаҳои нохуш, бо истифода аз фурсатҳои мусоид селроҳаву наҳр ва ҷуйборҳоро аз партову дигар ифлосиҳо тоза намоянд.

Агентии обуҳавошиносӣ ба сокинони шаҳри Душанбе тавсия додааст, ки аз сайругашти зиёди рӯзона дар хиёбону кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои сернақлиёт, ҷойҳои камшамол, минтақаҳое, ки ба саломатии инсон хатарнок аст, худдорӣ намоянд.

Гуфта мешавад, тавсияи мазкур ба кӯдакон, пиронсолон, занҳои ҳомила, шахсони дорои бемориҳои диққи нафас ва қалб дахл дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.