Боздошти нафаре, ки ба гуфти ВКД ба самти Русия билетҳои қалбакӣ мефурӯхт

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як нафаре хабар додааст, ки ба гуфтаи ин ниҳод ба фурӯши билетҳои қалбакии ҳавопаймо барои сафар ба Русия сару кор доштааст. Аз ин нафар Зикриё Сафаров ном бурда шудааст, ки  34 сол дошта, пештар ҳам барои қаллобӣ (моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон)  ду бор маҳкум шудааст. ВКД менависад, ӯ […]

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як нафаре хабар додааст, ки ба гуфтаи ин ниҳод ба фурӯши билетҳои қалбакии ҳавопаймо барои сафар ба Русия сару кор доштааст.

Аз ин нафар Зикриё Сафаров ном бурда шудааст, ки  34 сол дошта, пештар ҳам барои қаллобӣ (моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон)  ду бор маҳкум шудааст.

ВКД менависад, ӯ “рӯзи 26 майи соли 2021 дар ҳудуди шаҳри Бохтар бо шаҳрванд Рустамов Б. шиносоӣ пайдо намуда, худро корманди муассисаи ислоҳотии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон муаррифӣ менамояд ва аз номбурда барои харидорӣ намуда додани чиптаи ҳавопаймои Душанбе-Москва пешакӣ 2 ҳазору 100 сомонӣ мегирад”.

Баъдан ба навиштаи дафтари матбуоти РВКД дар вилояти Хатлон, Зикриё Сафаров “бо истифодаи техникаи компютерӣ ба Рустамов Б. чиптаи қалбакӣ тайёр карда дода, боз такроран санаи 31 майи соли 2021 аз Рустамов Б. 450 сомонӣ гирифта, маблағҳои боқимондаро талаб менамояд”.

Ҳоло ВКД Сафаровро дар ду ҳолати ҷинояти қаллобӣ гумонбар медонад.

ВКД мегӯяд, ин нафарро бар асоси аризи шикоятии Биномуддин Рустамов боздошт кардааст ва ҳоло бахши тафтишотии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон алайҳи Сафаров парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

ВКД аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки агар дучори фиребкорӣ  ё қаллобии Сафаров шуда бошанд, метавонанд ба сохторҳои ин ниҳод муроҷиат кунанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.