Сухангӯйи Эмомалӣ Раҳмон: “Президент бо як сафари расмии дурӯза ба Покистон меравад”

Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати сарвазири Покистон Имрон Хон ба ин кишвар меравад. Сомонаи “ARY News” бо такя ба Вазорати корҳои хориҷии Покистон менависад, ки Президенти Тоҷикистон 2 июни соли равон озими ин кишвар мешавад ва ду рӯз онҷо мемонад. Сафари Эмомалӣ Раҳмонро Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯйи раисҷумҳур низ ба “Азия-Плюс” таъйид кард.  "Президенти Тоҷикистон, […]

Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати сарвазири Покистон Имрон Хон ба ин кишвар меравад.

Сомонаи “ARY News” бо такя ба Вазорати корҳои хориҷии Покистон менависад, ки Президенти Тоҷикистон 2 июни соли равон озими ин кишвар мешавад ва ду рӯз онҷо мемонад.

Сафари Эмомалӣ Раҳмонро Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯйи раисҷумҳур низ ба “Азия-Плюс” таъйид кард.

 "Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон сафари расмӣ доранд ва интизор меравад, ки дар ҷараёни мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои кишварҳо ва инчунин масъалаҳои умдаи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ карда шаванд”,-гуфт Шарифзода.

Ҳамчунин миёни ду давлат як силсила санадҳои нави ҳамкорӣ дар бахшҳои молия, маориф, фарҳанг, нақлиёт имзо хоҳанд шуд,-мегӯяд Шарифзода.

Интизор меравад, ҷонибҳо дар мавриди ҳамкориҳо дар арсаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисод, тиҷорат, сиёсат, сармоягузорӣ, амният, дифоъ, фарҳанг, маориф ва робитаҳои минтақавӣ, гуфтугӯ кунанд. Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни ин сафар як қатор созишномаҳо ва ёддоштҳои ҳусни тафоҳум ба имзо расанд.

Ҳамчунин, дар назар аст, Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Покистон Ориф Алавӣ мулоқот кунад.

"Покистон ва Тоҷикистон муносибатҳои наздики бародаронаро бар пояи эътиқоду таърихи муштарак ва наздикии фарҳангӣ нигоҳ медоранд. Ду кишвар дар мавриди масъалаҳои асосии минтақавӣ ва байналмилалӣ нуқтаи назари муштарак доранд ва дар форумҳои гуногуни бисёрҷониба ҳамкории зич доранд , – омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Покистон.

Эмомалӣ Раҳмон бори охир соли 2017 барои ширкат дар нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба Покистон рафта буд. Аз соли 1994 то ба ҳол Эмомалӣ Раҳмон ҳамагӣ 7 бор ба Покистон сафар намудааст.

Вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ моҳи марти соли 2021 ба Душанбе ташриф оварда, дар нишасти вазирони Қалби Осиё – Раванди Истамбул ширкат намуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.