Хонаи панҷгоникҳои Қубодиён омода шуд: аз обрезак то мошини ҷомашӯйӣ

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Ширин Амонзода ба ноҳияи Қубодиён ташриф оварда, бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон ба волидони панҷгоникҳо дар вазъияти тантанавӣ калиди хонаи панҷҳуҷрагиро тақдим намуданд. Дар саҳифаи ҳукумати вилояти Хатлон дар Facebook хабар дода мешавад, ки Манзили истиқоматии туҳфашуда бо дастгирии ҳукуматҳои вилояти […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Ширин Амонзода ба ноҳияи Қубодиён ташриф оварда, бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон ба волидони панҷгоникҳо дар вазъияти тантанавӣ калиди хонаи панҷҳуҷрагиро тақдим намуданд.

Дар саҳифаи ҳукумати вилояти Хатлон дар Facebook хабар дода мешавад, ки Манзили истиқоматии туҳфашуда бо дастгирии ҳукуматҳои вилояти Хатлон ва ноҳия, инчунин сокинони хайрхоҳи маҳаллӣ дар муддати се моҳ бо маблағи беш аз 200 ҳазор сомонӣ бунёд ва ҷиҳозонида шудааст.

Модари панҷгоникҳо Маҳмадова Дилноза ва дигар аъзои хонавода аз кӯмаку дастгириҳои ҳукумати Тоҷикистон ва шахсони хайрхоҳ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Дар дохили хона барои рушду камолёбии кӯдакон шароиту чиҳози зарури аз қабили яхдон, насимафкан, телевизор, гаҳвора, ҷевон, кондитсионер, бозичаҳои кӯдакона ва хати об фароҳам оварда шудааст.

Ёдрас мекунем, ки қаблан раиси Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Озода Раҳмон бо асбобу лавозимоти зарурии рӯзгор ба ин оила кумак кард.

Охири моҳи декабри соли 2020 дар оилаи сокини 30-солаи деҳаи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Қубодиён панҷгоникҳо ба дунё омаданд. Онҳоро Ҳасану Ҳусейн, Фотимаву Зуҳро ва Хадича ном гузоштанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.