Тоҷикистон тибқи як созиш ба Қазоқистон 315 миллион метри мукааб об медиҳад, Қазоқистон чӣ?

Қазоқистон хостааст, ки моҳҳои июн-август Тоҷикистон  барояш аз обанбори “Баҳри тоҷик” 315 миллион метри мукааб оби полезӣ бидиҳад. Дар ин бора созиши миёни Вазоратҳои обу энергетикаи ду кишвар ҳосил шудааст. Ин созиш дар мулоқоти вазири экология ва захираҳои табиии Қазоқистон Магзум Мирзагалиев ва вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар Душанбе ба имзо […]

Қазоқистон хостааст, ки моҳҳои июн-август Тоҷикистон  барояш аз обанбори “Баҳри тоҷик” 315 миллион метри мукааб оби полезӣ бидиҳад. Дар ин бора созиши миёни Вазоратҳои обу энергетикаи ду кишвар ҳосил шудааст.

Ин созиш дар мулоқоти вазири экология ва захираҳои табиии Қазоқистон Магзум Мирзагалиев ва вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар Душанбе ба имзо расидааст.

Ҷониби Тоҷикистон ҷузъиёти ин созишномаро расонаӣ накардааст, ки бар ивази оби “Баҳри тоҷик” Қазоқистон чӣ имтиёзе ба Тоҷикистон хоҳад дод?  Аммо  Магзум Мирзагалиев, вазири экология ва захираҳои оби Қазоқистон ба расонаҳои ин кишвар гуфтааст онҳо бар ивази ин об “кӯмакҳои моддиву фаннӣ” мерасонад.

Хабаргузории қазоқии nur.kz бегоҳии 1-уми июн навишт, ки имсол дар ҳавзаи рӯдхонаи Сирдарё норасоии об мушоҳида мешавад ва аз ин рӯ мушкилии обёрӣ дар кишварҳои поёноб, аз ҷумла Қазоқистон ба миён омадааст. Аз ин рӯ Қазоқистон дар мавриди таъмини оби полезӣ бо Тоҷикистон ба мувофиқа расидааст.

Ба навиштаи хабаргузорӣ Мирзагалиев гуфтааст Қазоқистон дар ивази оби полезӣ ба Тоҷикистон дар сурати паёмадҳои манфии камобӣ иловатан ба обанбори “Баҳри тоҷик” кӯмак мекунад. Ӯ гуфтааст ин кӯмакҳо метавонад моддиву фаннӣ бошад.   

Аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон то ҳол дар мавриди созишномаи дуҷониба чизе нагуфтаанд.

Аммо Ҳалим Ҳоҷиев, муовини раиси Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт ба эҳтимоли зиёд Қазоқистон ба мисли Ӯзбекистон бар ивази оби обанбори “Баҳри тоҷик” кӯмак мекунад.  Ӯ гуфт соли 2020 дар асоси созишнома Ӯзбекистон аз обанбори “Баҳри тоҷик” барои обёрии заминҳояш об гирифт ва бар иваз нассосҳои обкашӣ ва сӯзишвории дизелӣ дод.

“Соли гузашта Ӯзбекистон бар ивази оби обанбори “Баҳри тоҷик” ба мо 20 нассоси обкашӣ барои ҷоҳи амудӣ, 5 нассоси СМП ва 20 тонна сӯзишвории дизелӣ дод. Ҳоло Қазоқистон ҳам дар навбати худ гуфта истодааст, ки ёрӣ мекунад. То он ҷое, ки фаҳмидам Қазоқистон низ, эҳтимолан сӯзишвории дизелӣ диҳад”.

Аз оби рӯдхонаи Сирдарё ба ҷузъ Тоҷикистон ҳазорҳо гектар заминҳои кишварҳои поёноби Ӯзбекистону Қазоқистон обёрӣ мешавад. Тоҷикистон ба хотири ҷумҳуриҳои поёноб ҳамасола дар обанбори “Баҳри тоҷик” об захира мекунад. Ҳалим Ҳоҷиев мегӯяд, то 1-уми июн дар ин обанбор  3 миллиарду 482 миллион метри мукааб об захира кардаанд ва эҳтимол аз 15-уми июн барои обёрии заминҳои Қазоқистон партоби об аз обанборро зиёд кунанд.  Ӯ гуфт ҳоло захираи об хуб аст ва оби зеризаминии гирду атрофи “Баҳри тоҷик” баланд мешавад, барои обанбор зиёновар аст.   

Оби рӯдхонаи Сирдарё чаҳор кишвари Осиёи Миёнаро бо об таъмин мекунад ва соли 2010 созишномаи додугирифти об бо ҳамсоякишварҳо, аз ҷумла Ӯзбекистон ба далели равобити сиёсӣ қатъ шуда буд. Аммо сар аз 2020 дигарбора додугирифти об ба ин кишвар иҷро мешавад. Ӯзбекистон бар ивази оби “Баҳри тоҷик”, ба ҷузъ ёриҳои моддиву фаннӣ аз канали калон ва шимолии “Фарғона” ба заминҳои ноҳияҳои Ашту Конибодом низ об медиҳад.

Феълан, Тоҷикистон, бино ба гуфти масъулини идораи беҳдошти замин ва захираҳои оби вилояти Суғд, аз обанбори “Баҳри тоҷик” дар як сония 50 куб об ба рӯдхонаи Сирдарё об мепартояд. Аз ин миқдор, ҳудуди 60-70 куб об барои заминҳои Зафарободу Мастчоҳ ва обанбори “Фарҳод”  гирифта мешавад ва боқимондаи он, ҳудуди 190 куб об ба Ӯзбекистону Қазоқистон меравад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.