Насби ҳисобкунакҳои барқии биллингӣ дар Душанбе оғоз шуд

Дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе амалисозии лоиҳаи озмоишии насби ҳисобкунакҳои барқии бо усули биллинг коркунанда оғоз шуд. Ҷорисозии низоми автоматишудаи назорат ва баҳисобгирии истифодаи барқ дар Душанбе дар доираи созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати ҷумҳурӣ ва консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати ҶДММ “Авеста Групп”, ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ва ҶДММ “Душанбе Сити”, ки ҳанӯз моҳи декабри соли 2019 ба […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе амалисозии лоиҳаи озмоишии насби ҳисобкунакҳои барқии бо усули биллинг коркунанда оғоз шуд.

Ҷорисозии низоми автоматишудаи назорат ва баҳисобгирии истифодаи барқ дар Душанбе дар доираи созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати ҷумҳурӣ ва консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати ҶДММ “Авеста Групп”, ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ва ҶДММ “Душанбе Сити”, ки ҳанӯз моҳи декабри соли 2019 ба имзо расида буд, амалӣ мешавад.

Се ширкати зикршуда дар муддати панҷ соли наздик лоиҳаи насби ҳисобкунакҳои барқиро дар қаламрави шаҳри Душанбе, ки бо усули биллинг кор мекунанд, татбиқ мекунанд, хабар дод ба "Азия-Плюс" як манбаъ аз шаҳрдории Душанбе.

Бино ба маълумоти ӯ, лоиҳа дар умум 88 млн доллар арзиш дошта, аз ҷумла дар чаҳорчӯби он зиёда аз 250 ҳазор адад ҳисобкунакҳои нави барқӣ харида мешаванд.

Низоми биллингӣ – низоми автоматишудаи баҳисобгирии хизматрасонӣ, тарофабандии он ва пешниҳоди ҳисоб барои пардохт аст. Ҳисобкунакҳои барқии бо усусли билнг коркунанда ҳамаи маълумоти марбут ба интиқол ва тақсимоти барқро ҷамъоварӣ ва ба ширкати таҳвилгар пешниҳод мекунанд.

Татбиқи лоиҳа охири моҳи майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Синои пойтахт оғоз гардида, дар ҷараёни он 95 ҳазор адад ҳисобкунакҳои нави барқ насб мешаванд.

Ҳисобкунакҳои нави истифодаи барқ дар хонаҳои сокинони Душанбе бепул насб карда мешаванд.

Пас аз татбиқи лоиҳа талафоти техникии барқ дар шабакаҳои барқ аз 19%-и ҳозир мавҷуда то 12% кам мешаванд, чунин мешуморанд барқчиёни пойтахт.

Ҷамъоварии маблағи истифодаи барқ аз 81%-и ҳозира то ба 99% боло меравад.

“Баъди анҷоми лоиҳа сармоягузорон аз ҳисоби коҳиши талафоти барқ дар шабакаҳо, болоравии ҳаҷми ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда, инчунин ихтисори ҳайати шахсии нозирон, маблағҳои ба лоиҳа гузоштаашонро пурра бо фоизҳояш бармегардонанд”, – итминон дод манбаъ.

Дар навбати худ, ҳукумати ҷумҳурӣ сармоягузоронро аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва фоида, инчунин боҷҳои гумрукӣ дар давраи амалисозии лоиҳа озод мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.