Талаботи нави ҳукумати Русия барои муҳоҷирон

Ҳукумати Русия талабот ба сатҳи ҳадди ақалли донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русияро барои коргарони хориҷӣ тасдиқ кард. Ин санад дар сомонаи расмии маълумоти ҳуқуқии Русия нашр шудааст. Муҳоҷирон дар бораи масоили иҷтимоиву маишӣ ва баъзе мавзӯъҳои касбӣ бояд озодона бо забони русӣ ҳарф зада тавонанд. Аз ҷумла ин ба маосили қабул ба […]

Ҳукумати Русия талабот ба сатҳи ҳадди ақалли донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русияро барои коргарони хориҷӣ тасдиқ кард. Ин санад дар сомонаи расмии маълумоти ҳуқуқии Русия нашр шудааст.

Муҳоҷирон дар бораи масоили иҷтимоиву маишӣ ва баъзе мавзӯъҳои касбӣ бояд озодона бо забони русӣ ҳарф зада тавонанд. Аз ҷумла ин ба маосили қабул ба кор, машварат дар беморхона ва муроҷиат ба пулис дахл дорад.

Зимни супоридани имтиҳон аз таърихи Русия дониши хориҷиён оид ба рӯйдодҳои калидӣ, донистани номи шаҳрҳои бузургтарин ва ҷашнҳои давлатӣ санҷида мешавад.

Ғайр аз ин, онҳо бояд аз ҳуқуқҳои асосии худ, озодиву уҳдадориҳояшон ҳангоми ҳузур дар қаламрави кишвар огаҳ бошанд.

Ин талабот, ба ҷуз баъзе истисноҳо, ба нафароне низ дахл хоҳад дошт, ки танҳо зисти муваққатиро дар Русия дар нақша доранд.

Қаблан ВКД аз муҳоҷирони ҳузурашон ғайриқонунӣ аз кишварҳои ИДМ талаб карда буд, ки то 15 июни соли 2021 қаламрави Русияро тарк кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.