Тоҷикистон то соли 2023 бояд се Муоҳидаи дигари Созмони ҷаҳонии Меҳнатро тасвиб кунад

Тоҷикистон  дар се соли оянда бояд се Муоҳидаи дигари Созмони ҷаҳонии Меҳнатро ба тасвиб бирасонад.  Ин нукта дар Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи  иттифоқҳои касабаи мустқили Тоҷикистон ва  Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон  зикр шудааст. Созишномаи геннералӣ дар аввали соли 2021 бо як қарори ҳукумат аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон  барои се сол – 2021-2023 таъйид шудааст. […]

Asia-Plus

Тоҷикистон  дар се соли оянда бояд се Муоҳидаи дигари Созмони ҷаҳонии Меҳнатро ба тасвиб бирасонад.  Ин нукта дар Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи  иттифоқҳои касабаи мустқили Тоҷикистон ва  Иттиҳодияи корфармоёни Тоҷикистон  зикр шудааст.

Созишномаи геннералӣ дар аввали соли 2021 бо як қарори ҳукумат аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон  барои се сол – 2021-2023 таъйид шудааст.

Акнун бар асоси ин санад Тоҷикистон бояд то соли 2023 се Муоҳидаи дигари Созмони ҷаҳонии Меҳнат – 102 "Дар бораи меъёри ҳадди аққали таъминоти иҷтимоӣ", 167 "Дар бораи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дар сохтмон" ва 183 "Дар бораи ҳифзи модар"-ро биомӯзад ва тасвиб кунад.

Ин нуктаро Иброҳим Саидзода, мудири Шуъбаи ҳуқуқи Федератсияи иттифоқҳои касабаи  мустақили Тоҷикистон имрӯз дар як ҷаласаи вижа дар мавриди тавонманд кардани нақши иттифоқҳои касаба дар бахши ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатии корманадон зикр кард. Ин нишаст муштаракан аз сӯйи Федератсияи иттифоқҳои касабаи  мустақили Тоҷикистон, иттиҳодияи ҷамъияти “Дунёи ҳуқуқ” ва Институти “ҷамъияти кушода” дар Тоҷикистон роҳандозӣ шуда буд.

Ба гуфтаи Сайидзода бар асоси ин муоҳидаҳо давлат ва дигар корфармоён дар Тоҷикистон вазифадор мешаванд, ки шароити хубтари корро барои коргарон фароҳам кунанд.

Аз ҷумла ӯ гуфт, ки тибқи талаботи Муоҳидаи 183 "Дар бораи ҳифзи модар" минбаъд корхонаҳо вазифадор мешаванд, ки барои модароне, ки кӯдаки ширхора доранд утоқи махсус ҷудо кунанд ва иҷоза диҳанд, ки  модар дар давоми рӯзи корӣ чанд бора тифлашро шир бидиҳад ё аз ӯ парасторӣ кунад. 

Дар Қарори Ҳукумати Тоҷикистон  дар бораи таъйиди  ин созишномаи генералӣ гуфта шудааст, ки  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ  бо Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил ва Иттҳодияи корфармоёни Тоҷикистон назорати иҷрои  созишномаи генералиро  ба роҳ монад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.