Президенти Қирғизистон: Мо бояд мушкилоти марзро ҳал кунем, то такрор нашаванд

Содир Ҷабборов раисҷумҳури Қирғизистон дар мулоқоти як ба якаш бо Эмомалӣ Раҳмон, бо изҳори қадрдонӣ аз пазироӣ, гуфт, ки равобти кишвараш бо Тоҷикистон пас аз ҳаводиси 28-уми апрел даврони сахтеро пушти сар мегузорад ва бояд ин мушкилот ҳал карда шаванд.  "Равобити мо пас аз ҳаводиси 28-уми апрел даврони мушкилеро пушти сар мекунад. Барои мо зарур […]

Мӯсои Бобоҳоҷӣ, Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Содир Ҷабборов раисҷумҳури Қирғизистон дар мулоқоти як ба якаш бо Эмомалӣ Раҳмон, бо изҳори қадрдонӣ аз пазироӣ, гуфт, ки равобти кишвараш бо Тоҷикистон пас аз ҳаводиси 28-уми апрел даврони сахтеро пушти сар мегузорад ва бояд ин мушкилот ҳал карда шаванд. 

"Равобити мо пас аз ҳаводиси 28-уми апрел даврони мушкилеро пушти сар мекунад. Барои мо зарур аст, ки мушкилотро ҳал кунем, то дар оянда ин гуна ҳаводис такрор нашаванд. Қирғизҳову тоҷикони мардумони бародаранд",-гуфт Ҷабборов.

Дар оғози ин мулоқт Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои қирғизаш гуфт, ки мо ба сафари шумо аҳаммияти зиёде қоилем.

"Хеле хушам аз ин сафари Шумо ба Тоҷикистон. Мо ба ин сафари расмии шумо аҳаммияти зиёде қоилем. Ин нахустин сафари шумо ба Тоҷикистон пас аз интихоб шуданатон ба унвони президенти Қирғизистон аст. Дар ин росто барои Шумо барору муваффақият орзу мекунам. Мо бояд тамоми бахшҳои равобити дуҷонибаро баррасӣ кунем. Мо ба рушди босамари ҳамкориҳоямон манфиатдорем",-гуфт Раҳмон.

Дар назар аст, ки пас аз дидори ҳайатҳои васе ду тараф, қабл аз зуҳри имрӯз 4 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ба имзо бирасад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.