Оғози даври навбатии эмгузаронӣ бар зидди бемории фалаҷ

Шурӯъ аз имрӯз, 29 июн то 5 июли соли 2021 тамоми кӯдакони то шашсола дар доираи даври навбатии Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемории фалаҷ (полиомиелит) дар Тоҷикистон бояд вояи дуюми ваксинаи зидди фалаҷро қабул мекунанд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, танҳо иммунизатсияи пурра бо тамоми вояҳои тавсиядодашудаи ваксина метавонад кӯдаконро аз […]

Шурӯъ аз имрӯз, 29 июн то 5 июли соли 2021 тамоми кӯдакони то шашсола дар доираи даври навбатии Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемории фалаҷ (полиомиелит) дар Тоҷикистон бояд вояи дуюми ваксинаи зидди фалаҷро қабул мекунанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, танҳо иммунизатсияи пурра бо тамоми вояҳои тавсиядодашудаи ваксина метавонад кӯдаконро аз фалаҷ ва оризаҳои хатарноки он, аз қабили фалаҷи шадид эмин дорад.

Волидон ва парасторони кӯдакони пас аз 1 январи соли 2016 таваллудшуда даъватномаро аз тарафи табиби оилавӣ ё мутахассисони соҳаи тандурустии муассисаи тиббии наздиктаринашон мегиранд. Барои сокинони ноҳияҳои дурдаст (60 км дуртар аз муассисаи тиббии наздиктарин) бригадаҳои иммунизатсионии сайёр низ хизматрасонии иммунизатсиониро мерасонанд.

Барои нафароне, ки берун аз ҷои истиқомати маъмулиашон воқеъанд, ваксина метавонад дар маҳалли буду боши кунунӣ дастрас бошад. Мо волидон ва парасторонро даъват менамоем, ки қабул намудани иммунизатсияи кӯдаконашонро дар ҳар як давр пайгирӣ намоянд, хусусан агар онҳо ваксинаи якумро нагирифта бошанд.

Бинобар кӯшишу талошҳои муштараки Ҳукумати мамлакат, шарикони рушд ва садоқати бепоёни мутахассисони соҳаи тандурустӣ, дар даври якуми маърака зиёда аз 1 миллиону 200 ҳазор кӯдакон бо ваксинаи зидди бемории фалаҷ фаро гирифта шуданд.

Чорабинии иммунизатсионӣ таҳти роҳбарии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ва шарикони соҳаи тандурустӣ дар доираи Ташаббуси глобалӣ оид ба маҳви бемории фалаҷ амалӣ мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.