4,6 млн воя ваксинаи ЮНИСЕФ ва СҶТ ба Тоҷикистон алайҳи фалаҷ

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ки намояндагии ЮНИСЕФ ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфтанд, ба Тоҷикистон 4,6 миллион воя ваксинаи зидди фалаҷ додаанд. Тоҷикистон дар шароите ин ваксинаҳоро дастрас мекунад, ки СҶТ мегӯяд, ба сабаби сирояти бемории полиомелит ва ё фалаҷи атфол ба шаш кӯдак дар Тоҷикистон, дар кишвар вазъи фавқуллодаи дараҷаи дуввум эълон кардааст. Дафтари ЮНИСЕФ дар […]

Asia-Plus

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ки намояндагии ЮНИСЕФ ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфтанд, ба Тоҷикистон 4,6 миллион воя ваксинаи зидди фалаҷ додаанд.

Тоҷикистон дар шароите ин ваксинаҳоро дастрас мекунад, ки СҶТ мегӯяд, ба сабаби сирояти бемории полиомелит ва ё фалаҷи атфол ба шаш кӯдак дар Тоҷикистон, дар кишвар вазъи фавқуллодаи дараҷаи дуввум эълон кардааст.

Дафтари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон бо нашри хабарномае гуфт, ваксинаҳои зидди фалаҷ рӯзи 23-юми май ба Душанбе расиданд. "Ин ваксинаҳо дар маъракаи зидди фалаҷ-полиовирус истифода мешаванд, ки моҳи май-июли соли 2021 пешбинӣ шудааст. Дар ҷараёни маърака, дар нақша аст, ки 1,4 миллион кӯдакони то шашсола аз фалаҷ ваксинатсия карда шаванд",-омадааст дар хабари расмӣ.

Вазорати тандурустӣ хабар медиҳад, ки "пас аз таҳқиқи ҳамаҷониба Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо шарикони рушди соҳаи тандурустӣ маъракаи иловагӣ оид ба эмгузаронии кӯдакон ҷиҳати пешгирии сирояти вируси фалаҷро омода намуд, ки он аз ду давраи эмкунӣ, мутаносибан аз 31 май то 5 июн ва аз 28 июн то 3 июли соли равон баргузор хоҳад шуд".

Тоҷикистон моҳи феврали соли 2021 ваксинзании саросарӣ ба зидди бемории фалаҷи атфолро анҷом дод, то кӯдакон аз навъи дуввуми фалаҷ эмин бошанд.

Вале Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (WHO) моҳи март хабар дод, ки дар Тоҷикистон дастикам шаш мавриди гирифтории кӯдакон ба фалаҷи атфол (навъи дувум)-ро сабт кардаанд. Мубталоён кӯдакони аз 3 то 5-сола ва дар вилояти Хатлону шаҳри Ҳисор ҳастанд.

Тоҷикистон аз соли 2002 кишвари орӣ аз фалаҷи атфол ва ё полиомелит эълон карда буданд, ҳарчанд то соли 2010 мавридҳои алоҳидаи сирояти беморӣ ва маргу мири кӯдакон аз он сабт шуда буд. Бори охир ва 11 сол пеш дар кишвар вируси ин беморӣ ба 458 кӯдак сироят кард ва 29 нафари онҳо фавтиданд. Дар миёни 458 нафар тақрибан нисфи онҳо кӯдакони аз 1 то 5-сола будаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.