Душанбеву Тошканд аломатгузории марзро ба охир мерасонанд

Гуруҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон 17-22 май дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти навбатиро дар доираи комиссияи муштараки дуҷонибаи аломатгузорӣ баргузор кардаанд. Дар ин бора ба "Азия-Плюс" аз ҳукумати вилояти Суғд хабар доданд. Дар ин гуфтушунид ҷонибҳо корҳои аломатгузориро дар хатти марзи давлатии ҳар ду давлат баррасӣ карда, назарҳоро дар мавриди хатти лоиҳавии аломатгузорӣ ва насби аломатҳои сарҳадӣ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Гуруҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон 17-22 май дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти навбатиро дар доираи комиссияи муштараки дуҷонибаи аломатгузорӣ баргузор кардаанд. Дар ин бора ба "Азия-Плюс" аз ҳукумати вилояти Суғд хабар доданд.

Дар ин гуфтушунид ҷонибҳо корҳои аломатгузориро дар хатти марзи давлатии ҳар ду давлат баррасӣ карда, назарҳоро дар мавриди хатти лоиҳавии аломатгузорӣ ва насби аломатҳои сарҳадӣ дар хатти марзи давлатӣ табодул кардаанд.

Ҳар ду тараф тавофуқ кардаанд, ки корҳои саҳроии аломатгузориро дар марзи умумӣ суръат мебахшанд.

Ба гуфтаи манбаъ, Душанбеву Тошканд ба гуруҳои корӣ, ки дар ҳайати онҳо заминсанҷҳо (геодезистҳо), нақшабардорҳо, намояндаҳои ВКХ, неруҳои марзбонӣ вориданд, дастур додаанд, ки то охири соли 2021 тартиби насби пояҳои наздимарзиро дар марзи ду давлат ба таври ниҳоӣ тасдиқ кунанд.

Бояд гуфт, ки таъини марзи давлатӣ миёни ду кишвар дар соли 2019 комилан ниҳоӣ шуда буд.

Ҷонибҳо ҳанӯз он замон ба таври хаттӣ дар мавриди хатти марзӣ мувофиқа карда буданд, акнун, дар натиҷаи таъини марзи давлатӣ, дар харитаҳо хатти дақиқи марзи ду давлат нишон дода мешавад.

Созишнома миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи қисматҳои алоҳидаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Узбекистон рӯзҳои 9-10 марти соли 2018 дар доираи сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ба имзо расида буд.

Парлумони Тоҷикистон ин шартномаро 19 апрели соли 2018 ба тасвиб расонд.

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон, дарозии марзи Тоҷикистону Узбекистон 1332 километрро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.