Мулоқоти як ба яки Раҳмону Содир Ҷабборов 5 соат аст, ки идома дорад

Мулоқоти як ба яки Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар доираи сафари раисҷумҳури кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон, соати 09.20 дар "Қасри Миллат" оғоз шуда буд, беш аз д соат тӯл кашидааст ва ҳанӯз ҳам идома дорад. Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои пешакӣ ин мулоқот бояд соати 11:00  ба итмом мерасиду сипас мулоқти […]

Мулоқоти як ба яки Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар доираи сафари раисҷумҳури кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон, соати 09.20 дар "Қасри Миллат" оғоз шуда буд, беш аз д соат тӯл кашидааст ва ҳанӯз ҳам идома дорад.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои пешакӣ ин мулоқот бояд соати 11:00  ба итмом мерасиду сипас мулоқти ҷонибҳо дар ҳайатҳои васеи ду тараф сурат мегирифт. Ҳанӯз барои хабарнигорон ва расонаҳо ҷузъиёте аз мулоқотии тӯлонии ду раисҷумҳур дастрас нест.

Дар назар буд Содир Ҷабборов соати 15.00 ба Бишкек баргардад.

Дар оғози мулоқоти имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои қирғизаш гуфта буд, ки "мо ба сафари расмии шумо аҳамияти зиёде қоилем ва бояд тамоми бахшҳои равобити дуҷонибаро баррасӣ кунем".

Хабарнигорони "Азия-Плюс" аз қасри миллат хабар медиҳанд, ки гуруҳи хабарнигорони пушти дари маҳалли мулоқот мунтазири хатми ин дидор ҳастанд. "Раисони ҷумҳур бо худ ба лӯлаҳо наққошӣ (тубус)-ро гирифта буданд, ки дар онҳо маъмулан харитаҳои ҷуғрофӣ ё нақшаҳо нигаҳдорӣ мешаванд", -мегӯяд хабарнигори мо.

Зоҳиран баҳси ҷонибҳо бар сари масоили марзӣ аз вақти расмии мулоқт бештар тӯл кашидааст. 

Дар оғози ин мулоқот Содир Ҷабборов ҳам зикр карда буд, ки "равобити мо пас аз ҳаводиси 28-уми апрел даврони мушкилеро пушти сар мекунад. Барои мо зарур аст, ки мушкилотро ҳал кунем, то дар оянда ин гуна ҳаводис такрор нашаванд. Қирғизҳову тоҷикони мардумони бародаранд".

Интизор меравад пас аз хатми мулоқот, миёни Тоҷикистону Қирғизистон 4 санади нави ҳамкорӣ ба имзо бирасад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.